Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
25 июн 17:32АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод
МИЁНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАДИ РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД
Бо мақсади рушди ҳамкориҳои миёни вилоятҳо ва баимзорасонии Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ҳукумати вилояти Ленинград (Федератсияи Россия) оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иқтисоди хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид рӯзҳои 21-24 июни ба шаҳри Санкт-Петербурги вилояти Ленингради Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом доданд.
Дар бинои ҳукумати вилояти Ленинград мулоқоти ҳайати вилояти Хатлон бо губорнатор Александр Дрозденко баргузор гардид.

Сипас, Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ҳукумати вилояти Ленинград (Федератсияи Россия) оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иқтисоди хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба имзо расид.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд.
Мақсади Созишнома густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва гуманитарӣ мебошад.

Тасвиби санади мазкур ба вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки ҳамкориро бо вилояти Ленинград дар соҳаҳои саноат, савдо, сармоягузорӣ, энергетика, самаранокӣ ва сарфаи нерӯи барқ,сохтмон, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ, комплекси агросаноатӣ, рушд ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии иқтисодӣ, васоити ахбори омма, фарҳанг, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва тадбирҳои дастгирии иҷтимоӣ, маориф, илм ва техника ва фаъолияти инноватсионӣ ба роҳ монад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



