ДАСТАРХОНОРОӢ ҲАМ ҲУНАР АСТ
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади омӯхтани фарҳанги рӯзгордорӣ ба оилаҳои ҷавон, тарзи дурусту бомазза тайёр намудани таомҳои миллӣ, зебо ва камхарҷ оростани хони тоҷикӣ дар шаҳру навоҳии вилоят даври аввали озмуни дастархонороӣ миёни ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида шуд, ки дар он бонувон фаъолона иштирок намуда, ҳунару маҳорати пазандагии худро ба намоиш гузоштанд.
Сипас, дар шаҳри Бохтар даври вилоятии озмуни мазкур барпо гардид, ки ҳар яке аз иштирокчиён бо завқи баланду маҳорати хоса ва истифода аз анвои гуногуни маҳсулоти табиӣ бо назардошти ғизои пагоҳирӯзию нисфирӯзӣ ва хӯроки шом нон, маҳсулоти нонӣ, таомҳои миллӣ, хӯришу шириниҳо омода намуда, манзури ҳайати ҳакамон гардониданд.
Дилором Каримова, яке аз беҳтарин пазанда аз шаҳри Левакант мебошад. Ӯ дар ҳамаи тадбирҳои ҷамъиятӣ пешсаф буда, дар ин баробар ҳунари худро ба дигарон низ меомӯзад.
- Зани тоҷик бояд ҳунарманд бошад. Зеро мардуми мо дорои фарҳангу тамаддуни бой аст. Агар зан хоҳад танҳо аз кабудию орд якчанд намуди таоми баҳорӣ омода мекунад, ки он ҳам болаззат мешавад ва ҳам ба ҷисми инсон фоида мебахшад. Аммо моро мебояд дар ин баробар ба исрофкорӣ роҳ надода, дастархони зебо ороста тавонем ва мақсад аз ин озмун ҳам ҳамин аст, - мегӯяд бону Дилором.
Ин тадбири фарҳангӣ, ки аз ҷониби бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд, ҳадафаш эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, ҳамагонӣ намудани он ва баланд бардоштани маданияти дастархонороии сокинон мебошад.
Озмуни дастархонороӣ миёни ташкилоту муассисаҳо, идораю корхонаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозӣ гардида, ҳар кадоме аз иштирокчиён бо намунаи маҳсули дасти худ ва анвои гуногуни ғизоӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дастархон оростанд.
Ҳайати ҳакамони озмун, ки дар он занони рӯзгордидаю кордон ва собиқадорони меҳнат шомил буданд, дар баробари санъати дастархонороӣ иштирокчиён ҳамчунин ба камхарҷиву хоксорона ороста шудани дастархон, мувофиқу ҷо ба ҷо гузошта шудани маҳсулоти рӯи он ва маданияти меҳмоннавозии ҷавондухтарон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.