Бойгонӣ
Июнь 2026 (4)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)
Март 2026 (12)
Февраль 2026 (31)
Январь 2026 (22)

Хунёгари нағмаҳои дилнавоз

Ӯ дар як деҳи имрӯза ҳудуди Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён, дар хонадони коргари соҳаи обу ҳавосанҷӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Завқу истеъдодаш ба санъати хунёгарӣ аз ҳаваскориҳои падари шодравонаш Ватан Аюбов маншаъ мегирифт, ки фориғ аз касбу сарбориҳои рӯзгор бо навозиши дутору думбра ва сурудани таронаҳои машҳури мардумӣ хотири аҳли оила ва ҳамдеҳагонашро болида мегардонд. Ҳанӯз замони таҳсил дар синфи якум Маҳмадалӣ дар чорабиниҳои фарҳангии МТМУ №12- он замон ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Вахш ҳунарнамоӣ мекард. Гузори ҳаваскориҳо дар озмуну фестивалҳои “Бӯстон”, “Андалеб” ва чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳам аз муҳити фарҳангии водии овозадори Вахш, ки бо сарояндагони номдораш маълуму машҳур буд, шавқу ангезаи санъатварӣ пайдо карда, ба шоҳроҳи ҳунар гомҳои устувор мегузошт.
-Дарвоқеъ, ончунон, ки устодонам изҳор медоштанд, овозхониву навозандагӣ истеъдоди фитрӣ аст, аммо рушду сайқал додани он масъулияти дигар мехоҳад, ки он дар оғоз аз муҳити хонавода, минбаъд, дар машғулиятҳои фанни суруду мусиқӣ ва ҳамзамон, аз фаъолияти дастаи ҳаваскорони муассисаҳои таълимӣ ё мактабҳои санъати мусиқӣ вобастагӣ дорад,- иброз дошт дар оғоз Маҳмадалӣ Аюбӣ.
Маҳмадалӣ овони таҳсилоти миёнаи умумӣ аз нахустин устоди касбиаш Нурмуҳаммад Бозоров, ки аз фанҳои забон ва адабиёт ва суруду мусиқӣ дарс мегуфт, нозукиҳои санъати мусиқӣ ва сарояндагиро омӯхта, қадам ба қадам ба шоҳроҳи санъати касбӣ гомҳои устувор гузошт. Соли 1973 баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шуъбаи мусиқӣ ва суруди факултети кормандони маданӣ-маърифатии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд. Даврони ширини донишҷӯӣ андар ин даргоҳи муқаддас аз устодони забардасти санъати тоҷик Аҳмад Бобоқулов, Шоиста Мулоҷонова, Ҳанифа Мавлонова дарси суруду мусиқӣ ва овозхонӣ омӯхтааст. Муҳити санъатпарвару дарсҳои ҳунаромӯзӣ аз бузургони санъати миллӣ дар такомули ҳунару истеъдоди Маҳмадалӣ таъсири ниҳоят бузург гузошта буд, ки ҳама ҳастии худро ба олами мусиқиву сарояндагӣ бахшид. Дар баробари баҳрабарӣ аз дарсҳои устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ҳамвора, аз эҷодиёти дилнишини устоди маънавиаш Одина Ҳошим баҳра бардошта, аз суруду оҳангҳои пурэъҷози ӯ назокатҳои навозандагиву ҳунари сарояндагӣ меомӯхт.
Нахустин оҳанги эҷодкардаам аз навиштаҷоти як ғазали шоир Одина Бекмуродӣ дар девори толорҳои барҳавои донишкада буд, ки бад-ин мазмун оғоз мегардид:
Азизам ҳарфи ширине чаро бар мо намегӯӣ,
Умеди орзуятро чаро бар мо намегӯӣ.
Ин матнро рӯнавис карда, назди фортепиано нишастам ва он рӯз аввалин оҳанги худро эҷод намуда, бо он ва оҳангҳои минбаъд офаридаам дар саҳнаҳои ҳунарӣ муаррифӣ шудам,- мегӯяд Маҳмадалӣ. – Ҳамин сон, фаъолияти эҷодии ман аз соли 1975 оғоз гардида, то имрӯз бо 300 оҳанги офаридаам суруду таронаҳо сароидаам. Ҳамчунин, ба зиёда аз 150 оҳангҳои эҷодкардаи ман ҳунармандони номвари кишвар Бунафша Муқимова, Бунафша Шокирова Малика Саидова, Меҳрӣ Ҳоҷибоева, Хиромон Қурбонова, Ҳанифа Қурбонова, Ҷумъахон Сафаров шеъру таронаҳо сурудаанд.
Маҳмадалӣ Аюбӣ баъди хатми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода нахуст дар шуъбаи фарҳанги шаҳри он вақт Қӯрғонтеппа ҳамчун мутахассиси бахши фарҳанги кӯдакону наврасон, баъдан, дар Хонаи эҷодиёти халқи вилоят ба ҳайси хормейстер фаъолият кардааст. Аз соли 1979 то инҷониб фаъолияти ҳунариашро дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар идома дода истодааст.
-Барои санъаткори асил ҳама лаҳзаҳоти ҳаёту фаъолияташ фараҳбахшу фаромӯшнопазир аст. Хоса барои мисли ман як бачаи деҳотӣ, ки донишҷӯи ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода шуданро фатҳи қуллаи орзуву ормонҳои хеш медонистам. Баъди донишҷӯ шудан боқӣ ҳама умр дар олами орзуву ҳавасҳои хеш хушбахту саодатманд ба сар бурда истодаам,- ифтихормандона изҳор медорад Маҳмадалӣ Аюбӣ. – Тули солиёни фаъолият ба симати овозхон, режиссёр, дирижёр, хормейстер ҳар нафаси зиндагӣ бароям арзишманд асту вақти бебозгаштро бузургтарин неъмати зиндагӣ мешуморам. Ёд дорам, аз нахустин сафари ҳунариамон ба Лаҳистон, ки роҳбарии мусиқии коллективи эҷодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бар зимма доштам, мо таҳти роҳбарии режиссёри номдор Миша Ҳимматшоев сазовори ҷоизаи Фестивали кишварҳои кӯҳистони дунё – “Табарчаи тиллоӣ” шуда будем.
Мутаассифона, ҳаводиси шаҳрвандии солҳои 1992 боиси шикасту рехти тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, фарҳангу ҳунари миллати мо гардида, зиёд ҳунарпешаву фарҳангпарварони асил тарки диёру фаъолияти эҷодӣ карданд. Тавре мусоҳиб иқрор меояд, дар он шабу рӯз беш аз 10 ғазали ғамангези шоир Салоҳиддини Ализодаро ба оҳанг дароварда, онҳоро танҳо дар доираҳои маҳдуди дӯстон месароид.
-Бовар мекунед, дар он даврони нооромиву ғаму андуҳи миллат ба ҷойи мизроб бо нӯги ангуштон дутору рубоб менавохтем, то мабодо садои мусиқӣ дар кӯча шунида нашавад,- гиряолуд изҳор дошт Маҳмадалӣ Аюбӣ. - Шукри қисмат бо ҳидояту раҳнамоии меъмори ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат дубора рӯзгори осоиштаву ҳаёти дурахшон насибамон гашт. Пас он, соли 1997 бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар қатори дигар санъаткорону ҳунармандони номвари кишвар ба давлати Ирон сафари ҳунарӣ доштем. Маҳз ин сафар ва дидору суҳбат бо ҳампешагону ҳамзабонони иронӣ ба ман неруву илҳоми тоза бахшида, аз он ба баъд бо заҳмати дучанд эҷоди оҳангҳои навинро идома бахшидам.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аюбӣ таъсис ва рӯи кор омадани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла ,“Тоҷикистон- ватани азизи ман”-ро такони ҷиддӣ дар рушди санъати мусиқӣ ва ҳавасмандгардониву муаррифии истеъдодҳои наврасу ҷавон мешуморад. Ба андешаи ӯ дар баробари таваҷҷуҳу дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати рушди санъати мусиқӣ ва фарҳанги миллӣ, бояд дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба тарбия ва омода намудани омӯзгорони ихтисосманди фанни суруду мусиқӣ таваҷҷуҳ намоем. Ҳамзамон, бо тақвият бахшидани фанни суруд ва мусиқӣ, инчунин, гурӯҳҳои ҳаваскорони назди муассисаҳои таълимиро дубора рушду эҳё бахшем, ки муҳимтарин марҳилаи дарёфти истеъдодҳои ҷавон ҳамин зинаи таҳсилот аст.
– Дар солҳои 80-уми асри гузашта, яке аз омилҳои муҳими рушду равнақи соҳаи фарҳанг ва санъати мусиқиву сарояндагӣ дар водии овозадори Вахш зуҳури истеъдодҳои нотакрор буд, ки баъдан фаъолияти ҳунарии онҳо ба дигар ҳаваскорону санъаткорони ҷавон ангезаи эҷодӣ бахшид. Маҳз дар он муҳити фараҳбахши фарҳангиву ҳунарӣ даҳҳо чеҳраҳои маъруфи саҳнаи ҳунар, ба мисоли роҳбари мусиқии ноҳияи Вахш Сафар Ҳалимов, ҳунармандони асил Фатҳиддин Тешаев, Аҳлиддин Нуруллоев, Давлатҷон Муқимов, Талабшоҳ Қуқанов, Сироҷиддин Мирзоев Ғунчагул Давлатова, Барно Тоҳирова санъати волои мусиқиро дар сатҳи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар машҳур намудаанд. Яъне, дар он солу замон ҳунар дар ин сарзамини овозадор тавлид ёфта буду муҳити созандаи эҷодӣ мояи рушди истеъдодҳо ва ривоҷу равнақи санъати мусиқӣ гардид,- мегӯяд М. Аюбӣ.
Ба андешаи ҳунарманди асил бо шарофати соҳибистиқлолӣ барои аҳли ҳунар беҳтарин шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудааст, то санъату фарҳанги асили миллиро дубору рушду ривоҷ бахшанд. Ҳоло Маҳмадалӣ Аюбӣ ҳафтае ду маротиба бо ҳунармандону овозхонҳои Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар машқи овоз медиҳад.

Юсуфи Собир
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо