Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
Аз ҷониби масъулони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон беш аз 3 тонна маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиенӣ ба таври сӯзонидан несту нобуд карда шуд.
Тавре котиби матбуотии ниҳоди мазкур Сайраҳмон Назриев ба “Сафо” иттилоъ дод, аз ҷамъи умумии 3 тоннаю 357,8 килограмм маводҳои нобудкардашуда, 2 тоннаю 809 килограмми он маводҳои дорувории муҳлаташон гузашта буда, маблағи он 651 ҳазору 778 сомориро дар бар мегирад. Ҳамчунин соҳибкороне, ки ба фурӯши маводҳои ороишию гигиенӣ машғул мебошанд, дар ҳаҷми 500 килограмм ин гуна маводҳое, ки муҳлаташон гузашта буд барои несту нобуд кардан ба сарраёсат дастрас карданд.

Боқимонда маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии несткардашударо муассисаҳои табобатию профилактикӣ бо макутб барои нобудсозӣ ба ниҳоди мазкур пешниҳод карданд.
Сайраҳмон Назриев иттилоъ дод, ки маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ороишию гигиенӣ, ки муҳлати истифодаашон гузашта буд, дар ҳузури комиссияи дахлдор дар партовгоҳи марказии шаҳри Бохтар сӯзонида шуданд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



