Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
17 июн 10:06АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Иқтисод / Маслиҳати муфид
ТАҶРИБАИ КИРМАКПАРВАРИ ПЕШҚАДАМ
Тайи солҳои охир, баъди сукути якчандсола соҳаи кирмакпарварӣ рушд ёфта истодааст. Бо зиёд шудани майдонҳои тутзор ва дигар имкониятҳо барои кирмакпарварон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Дар ноҳияи Ёвон низ чун дигар ноҳияҳои кишварамон тавассути меҳнати пурмаҳсули кирмакпарварон истеҳсоли ин маҳсулоти саноатӣ сол то сол афзоиш меёбад.
Вақте ки мо дар идораи пиллақабулкунии ноҳия бо натиҷаҳои ҷамъбасти мавсими пилласупорӣ шинос гардидем, роҳбарияти он дар радифи пешқадамони ин соҳа номи кирмакпарвари фаъол ва ботаҷриба Ойсиҳат Қодироваро ба забон оварданд.
Чун мо ба ҳавлии ин кирмакпарвари асил омадем, шавҳараш – акаи Маҳмадраҷаб моро бо хушнудӣ истиқбол намуд. Холаи Ойсиҳат Қодирова аз зумраи он кирмакпарваронест, ки аз давраи фаъолият дар хоҷагии Баракати ноҳияи Ёвон то имрӯз ба кирмакпарварӣ машғул аст. Собиқаи беш аз 40 солаи корӣ дар ин ҷода дорад.

Ба гуфтаи Ойсиҳат Қодирова якчанд сол пеш барои нигоҳубину парвариши кирмак шароиту имкониятҳо маҳдуд буду мушкилот эҷод мешуд. Ҳоло бошад шароит дигар аст.
Мавриди зикр аст, ки дар парвариши кирмак ба Ойсиҳат Қодирова шавҳараш Маҳмадраҷаб кумак мерасонад. Соли гузашта онҳо аз ҳисоби хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-ашон дар 0,20 гектар ниҳолҳои тут шинониданд.
Ба гуфти онҳо нигоҳубину парвариши кирмак ба мисли тарбияи кӯдаки навзод мушкил аст. Яъне сирру асрор ва нозукиҳои зиёд дорад. Ҳавои хонае, ки дар он кирмак парвариш меёбад, бояд 27-28 дараҷа гарм бошад.
Рӯзҳои аввал кирмакҳои хурд барги тутро кам мехӯранд. Баъди каме калон шудан баргҳои тутро бештар истеъмол менамоянд. Давраи нигоҳубини кирмак аз аввал то охир (аз тухмӣ то ба кирмак расидан) 25-30 рӯз идома меёбад. Баъди хоби сеюму чорум дар як шабонарӯз ба кирмак 6-7 маротиба баргҳои тару тозаи тут медиҳанд.
Барои танидани кирмак бояд ҷойи мувофиқу мусоид омода бошад. Кирмакпарвари пуртаҷриба Ойсиҳат Қодирова, ки ба қавле “забони ин ҳашароти муъҷизаофар”-ро медонад.
Соли оянда нақша дорад, ки фаъолиятро дар ин самт боз ҳам афзун намояд. Зеро бо эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар кишварамон корхонаҳои зиёди саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли абрешим бунёд гардиданд.
Аъзам Бобоев, ноҳияи Ёвон
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?


