Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
10 июн 15:26АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод
ДӮСТӢ. РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ БОЗДИД КАРД
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамчунин аз рафти корҳои саҳроӣ ва кишоварзӣ дар як қатор хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти “Деҳқонобод” боздид кард.

Нахуст, раиси вилоят аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ёдгорҷон” боздид ба амал овард. Майдони умумии ин хоҷагӣ 3,74 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он 3 гектар пахта, 0,5 гектар гандум ва 0,24 гектар картошка кишт шудааст.

Баъдан, Давлаталӣ Саид аз хоҷагии деҳқонии “Регар-Дӯстӣ” боздид намуд. Ин хоҷагӣ дорои 3 гектар замин буда, асосан ба ангурпарварӣ ихтисос ёфтааст. Боғпарварии самаранок ва истифодаи усулҳои нави агротехникӣ яке аз афзалиятҳои кори хоҷагӣ маҳсуб мешавад.

Дар идома, раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “М. Осимӣ” низ дидан кард. Майдони умумии он 16 гектарро ташкил дода, аз он 10 гектар ангур, 4 гектар пахта, 1 гектар тарбуз ва 1 гектар кишти такрории ҷуворимакка барои дон ҷудо гардидааст.
Дар суҳбат бо кишоварзон раиси вилоят зикр намуд, ки кишоварзӣ соҳаи калидии иқтисодиёти кишвар аст. Барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғанӣ сохтани бозори дохилӣ бояд ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода шавад.

Раиси вилоят ба масъулон ва кишоварзон ҷиҳати беҳтарсозии усулҳои кишту парвариш, васеъ намудани заминҳои корам ва истифодаи технологияҳои муосир дар истеҳсолот дастуру маслиҳатҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



