Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
29 май 08:40АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Чеҳра
АСРОРИ СИТОРАИ ИНТЕРНЕТ
Бозхонӣ кардани ҳамагӣ як суруди “Дар хона оча бошад” ӯро ситораи интернет карду маҳбуби пиру барно.
Қаҳрамони матлаби мо Комронҷон Сафарзодаи панҷсола, сокини шаҳри Бохтар аст, ки бо ҳунари нотакрораш ба дили миллионҳо нафар дӯстдорони савту наво ҷо гирифтаасту бо лаҳни зебои сурудхониашу рақсҳои дилфиребаш гули сари сабади маҳфилҳо шудааст. Феълан ӯро на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ мешиносанду ҳунари нотакрорашро миписанданд.
Ӯ ЧӢ ГУНА МАШҲУР ШУД?
Комронҷон дар кӯдакистони №7-и шаҳри Бохтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Рӯзе дар яке аз чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар суруди “Дар хона оча бошад”-ро иҷро мекунад. Сурудхонии ӯро яке аз муаллимаҳои шаҳр ба навор гирифта, дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” нашр мекунад. Ин наворро дар як фурасти кӯтоҳ миллионҳо нафар тамошо кардаю дар зераш фикру андешаҳои хешро менависанд. Сурудхонии Комронҷон дили миллионҳо нафар бинандаро тасхир карда, ҳамин тариқ ӯ сархати расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мегардад. Баъди ин навор расонаҳои хабарии зиёде ӯро ба мусоҳиба даъват мекунанду бо ӯ суҳбат анҷом медиҳанд. Ҳар як мусоҳибаи ин навниҳоли боғи санъатро миллионҳо нафар тамошо мекунанду ба ҳунари нотакрори ӯ аҳсан мехонанд.

СУРУДХОНӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТ
Воқеан ҳам, ҳунар давлатест поянда ва чашмаест зоянда. Ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Ҳунару истеъдоди фавқулодаи Комронҷонро ба инобат гирифта, ӯро ба чорабинии бахшида ба Рӯзи модар даъват мекунанд. Дар ин чорабинии сатҳи баланд, ки бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбад баргузор гардид, Комронҷон дар назди Пешвои муаззами миллат ҳунарнамоӣ мекунад ва аз сурудхонии ӯ тамоми иштирокчиёни ин чорабинӣ ҳаловат бурда, бо қарсакҳои бардавом ӯро истиқбол мегиранд. Ин баромади ӯ низ сархати тамоми расонаҳои хабарию ютубканалҳо гашта, шуҳрати ӯро афзунтар мегардонад.
Тавре зимни суҳбат Комронҷон иброз кард, қарсакзании пурмавҷи аҳли толор ба ӯ илҳоми дучанд меоварад ва ӯ аз шавқ гӯё худро дар олами рӯъё эҳсос мекард.
– Ҳунарнамоӣ дар назди Пешвои маҳбуби миллат барои ман мояи ифтихору сарфарозист. Аз Худованд саломатии бардавоми Ҷаноби Олиро таманно дорам – мегӯяд бо лаҳни кӯдакии хеш Комронҷони ширингуфтор.

ИФТИХОРИ КӮДАКИСТОН
Шаҳло Ҳотамова, мудири кӯдакистони №7-и шаҳри Бохтар мегӯяд, доштани ин гуна шогирди боистеъдод мисли Комронҷон Сафарзода барояш боиси ифтихор аст.
– Комронҷон дар байни тарбиятгирандагон бо хислати хоси хеш фарқкунанда мебошад. Бениҳоят кӯдаки ҳалиму меҳрубон буда, қобилияти баланди ҳунарнамоӣ дорад. Мураббияҳоро ҳурмату эҳтиром мекунаду бо ҳамсолони хеш муносибати хуб дорад. Ифтихор мекунам, ки ӯ шогирди ман ҳасту обрӯву нуфузи на танҳо боғчаро, балки шаҳри Бохтару вилояти Хатлонро дар тамоми Тоҷикистон муаррифӣ кардааст, – мегӯяд Шаҳло Ҳотамова.
Комронҷон Сафарзода мехоҳад дар оянда бо вуҷуди ҳунарманд буданаш боз ягон маълумоти олии дигар дошта бошад. Ӯ мехоҳад забонҳои хориҷиро аз худ карда, бо дигар забонҳо низ ҳунарнамоӣ кунад.
Барои ҳар як волидайн муваффақияту пешрафти фарзанд боиси ифтихор аст. Падару модари меҳрубони Комронҷон низ ба ҳунару донишомӯзии ӯ диққати ҷиддӣ дода истодаанд то ӯ шахсияти донишману ҳунарманди хушсалиқае ба воя расаду номбардори Ватани азизи хеш гардад.

Муродалӣ Сафаров, падари Комронҷон фахр аз он дорад, ки ҷагарбандаш имрӯзҳо хурсандибахши аксарияти чорабиниҳою маҳфилҳои гуногун гаштааст. Ӯ шукронаи тинҷию суботи комили Ватани биҳиштосоро мекунад, ки имрӯзҳо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат баҳри илмомӯзию пешрафти наврасону ҷавонон тамоми имконият фароҳам оварда шудаанд. Бо хушнудӣ изҳор менамояд, ки барои пешрафту муваффақиятҳои фарзандаш Комронҷон тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона месозад.
Ба ин ситораи тобноки интернет, навниҳоли боғи санъат, кӯдаки соҳибистеъдод, ки гомҳои нахустини хешро дар ин ҷодаи пурифтихору пурмашаққати ҳунар гузошта истодааст, барору муваффақият орзу намуда, ба ӯ дар иҷрои нақшаву ниятҳои дар дили кӯчаки хеш парвардааш муваффақият хоҳонем.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
ш. Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД



