Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
23 май 10:18АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод
ДӮСТӢ. ҶАМЪОВАРИИ ТАРБУЗ ОҒОЗ ШУД
Наздик ба як моҳ аст, ки полизкорон дар ноҳияи Дӯстӣ, дастранҷи хешро ҷамъоварию ба бозор мебароранд. Дақиқан, аввал ҳосили ҳандалак ва баъдан харбузаю ҳаминак тарбузи палаки худро кишоварзони ин минтақа пешкаши сокинону харидорон гардониданд.
Тибқи иттилои Шамсиддин Эшбеков сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, дар майдони беш аз 900 гектари заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ин ноҳия, тарбузу харбуза ва ҳандалак кишт шудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, деҳқонони минтақа бо истифода аз таҷриба, навъҳои пешпазак ва ба ҳаргуна касалиҳо тобовари тарбузро интихоб намудаю кишт мекунанд. Ҳамин аст, ки ҳар сол яке аз аввалинҳо шуда, маҳсули дастранҷи онҳо омода шуда, ба бозорҳои кишвар бароварда мешавад.

Феълан тарбузу харбуза ва ҳандалаки ҷамъоваригаштаро харидорон ба бозорҳои дохили Тоҷикистон ворид намуда истодаанд, аммо дар рӯзҳои наздик содироти он ба хориҷ ҳам оғоз мешавад.
Н. ИСО
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



