Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Рулет аз сабзӣ
Сабзӣ – 400 гр
Тухм – 4 дона
Намак, мурч
Равғани растанӣ – 1 қошуқ
Равғани маска – 1 қошуқ
БАРОИ ДОХИЛ
Панири равғанӣ – 200 гр
Шибит - 1 бандча
Сирпиёз – 13 дандона
Қаймоқ – 1-2 қошуқча
Мурч, намак
Сабзиро аз пӯсташ тоза мекунем ва аз турбтарошак мегузаронем. Дар тоба равғани растанӣ ва равғани маскаро андохта, каме метафсонем ва ба он сабизиро меандозем, 15 – 20 дақиқа дар оташи паст то мулоим шуданаш нигоҳ медорем. Сипас, ба он мурч ва намакро ҳамроҳ мекунем. Ба сабзии хунукшуда дар аввал 4 дона зардии тухмро меандозем ва сипас сафедии тухмро бо каме намак дар алоҳидагӣ лат мезанем ва ба сабзӣ андохта, ҳамаи маҳсулотро омехта мекунем.
Сипас, ба тоба коғази махсуси пухтупазиро гузошта, ба он маҳсулоти омодашударо бо баландии 30 – 35 см тунук мекунем. Тафдонро дар ҳарорати 180 дараҷа гармӣ мегузорем ва муддати 10-15 дақиқа нигоҳ медорем. Эҳтиёт бояд шуд, ки маҳсулоти мо хушк нашавад. Барои дохили рулет сирпиёз, панир, қаймоқ, шибит ва мурчу намакро якҷоя карда, ба дохили сабзӣ гузошта, онро шакли рулет мепечонем. Рулетро мепечонем ва бори дувум ба коғази махсуси пухтупазӣ печонида, муддати 1 соат дар яхдон нигоҳ медорем. Пас аз яхдон гирифтан бо корди тез онро бурида ба лаъличаҳо мегирем.
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



