Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
20 май 10:12АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Иқтисод / Маслиҳати муфид
КОНФЕРЕНСИЯИ ВИЛОЯТИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ БАХШИДА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон конференсияи вилоятии илмӣ - амалӣ бахшида ба "Эълон гардидани соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист" доир шуд.
Дар кори конференсия ректори донишгоҳ Исозода Диловаршоҳ, муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон Олибекзода Абдулхайр, кормадони дастгоҳи марказии Сарраёсат омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Исозода Диловаршоҳ, конференсияро ифтитоҳ бахшида, дар мавриди аҳамияти ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ибрози назар намуд. Қайд карда шуд, ки Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Дар идомаи кори конференсия муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон Олибекзода Абдулхайр дар мавзуи "Ҳифзи пиряхҳо - асоси таъмини об, озуқаворӣ, энергетика ва амнияти экологӣ", Ҳикоят Ҷурабоева номзади илмҳои кишоварзӣ дар мавзӯи " Таъсири фаъолияти антропогенӣ ба тағирёбии иқлим", Имомов Холбой, саромузгори кафедраи "Фанҳои гуманитари ва рушди нерӯи инсонӣ" дар мавзӯи "Паёмадҳои нохуши тағирёбии иқлим дар Тоҷикистон ва роҳҳои нарм кардани таъсири шиддати он", Рашидов Акрамҷон номзади илмҳои техникии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар мавзуи "Таъсири тағирёбии иқлим ба обшавии пиряхҳои Тоҷикистон баромадҳо намуданд.
Дар охир чанде аз донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон фикру андешаҳои худро роҷеъ ба мавзуи баррасишудаи конференсия баён намуданд.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



