Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШУЪБАИ ҶАРРОҲИИ ҶОҒУ РӮЙ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД
Дар Маркази стамотологии вилояти Хатлон имрӯз 20 май, шӯъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ба фаъолият оғоз кард.
Дар ин бора котиби матбуотии Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон Сайраҳмон Назриев ба "Сафо" иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, ки ин шӯъба аз 10 кат иборат буда, 5 кат барои калонсолон ва 5 кати дигар барои кӯдакон пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки то ин муддат чунин шӯъба дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов фаъолият дошт.

Гуфта шуд, ки дар шӯъбаи навташкил тамоми дастгоҳу таҷҳизоти лозимӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъмин карда шуда, мутахассисони он дар хориҷи кишвар, аз ҷумла давлатҳои Федератсияи Россия ва Гурҷистон аз таҷрибаомӯзӣ гузаштаанд. Феълан дар маркази мазкур тамоми ҷарроҳии ҷоғу рӯй ба роҳ монда шудааст ва корафтодагон метавонанд аз хизматрасонии босифати ин марказ истифода намоянд.

Дар маросими ба фаъолият оғоз кардани маркази мазкур сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Иброҳим Мӯсозода ва дигар масъулон иштирок намуда, аз фаъолияти он аз наздик шинос шуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки бинои нави Маркази стаматологии вилояти Хатлон 27 октябри соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.
-Марказ дорои шуъбаҳои амбулаторӣ, ҷарроҳӣ, муолиҷавӣ, дандоншинонӣ, шуъбаи кӯдакону наврасон ва шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу руй мебошад. Дар марказ 25 нафар табибон, аз ҷумла 10 нафар табибони ҷавон кору фаъолият мекунанд,-гуфт С. Назриев.
С. СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



