Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
20 май 09:57АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Иқтисод / Мақолаҳо
Лимӯпарваре, ки таҷрибаро аз саҳро омӯхт
Лимӯпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ ҳисобида шуда, меҳнати зиёдеро талаб мекунад ва дар ин кор ҳар як деҳқон бояд таҷриба дошта бошанд.
-Ҳар нафар метавонад деҳқонӣ кунад, заҳмат кашад ва дар замин кор кунад. Аммо рўёнидани ҳосили фаровон аз киштзори худ, на ба ҳар кас муяссар мегардад, -мегӯяд дар оғози суҳбат Алимаҳмад Гулматов, лимӯпарвари пуртаҷрибаи деҳаи Боҳтурободи шаҳри Левакант.
Алимаҳмад Гулматов аз зумраи лимӯпарварони номдор ба шумор рафта, ҳамасола яке аз аввалинҳо шуда маҳсули дастранҷи худро пешкаши харидорон менамояд. Ӯ сокини деҳаи Боҳтурободи шаҳри Левакант буда, тули 7 сол мешавад ба лимӯпарварӣ машғул аст.
Гулматов Алимаҳмад 71 сол дошта то ба ҳол дар саҳро кор мекунад. Вай кишоварзиро аз замини наздиҳавлигии худ оғоз намуда, сипас дар майдони 0,25 га замин ба парвариши лимӯ машғул гардидааст. Дар оғози кор ба мушкилот рӯ ба рӯ гашта, аз кор кардан дар замину парваридани ин меваи ситрусӣ дилсард мешуд, аммо бо гузашти вақт ӯ таҷриба пайдо намуд ва нозукиҳои ин корро омӯхт.

- Лимӯпарварӣ заҳмати зиёд талаб мекунад. Вақте ки кореро карда наметавонӣ ба иштибоҳ роҳ дода, зарар мебинӣ ва маҷбур мешавӣ, ки биомўзӣ. Мо низ ин зинаҳоро гузаштем. Шукр, ки имрўз тарзу усули парвариши лимӯро ва ҳосили фаровон рўёниданро медонем- мегӯяд бобои Алимаҳмад.
Ҳамасола ӯ аз ин миқдор замин 1 тонна ҳосили лимӯи хушсифат ба даст оварда, ба бозорҳои шаҳр ва берун аз он содирот мекунад.
Деҳқони асил Алимаҳмад Гулматов ният дорад, ки дар баробари лимӯпарварӣ ба бунёди боғу токзор низ машғул шавад ва дар таъмини бозори истеъмолии шаҳр ва ҷумҳурӣ саҳми назарраси худро гузорад.
Муҳиддин Гулматов, таҷрибаомӯз
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



