Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
08 май 12:30АСОСӢ / Ахбор / Ҳуқуқ ва амният / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақолаҳо / Маслиҳати муфид
ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ!
Бинобар сабаби гармии ҳаво талабот ба обозӣ меафзояд. Албатта оббозӣ барои тозагӣ ва фаъолияти рӯҳию ҷисмонии инсон муҳим аст, вале бояд фаромӯш насохт, ки муносибати нодуруст бо об фалокатовар низ хоҳад буд.
Аз моҳи январ то майи соли равон дар ҳудуди вилояти Хатлон 14 нафар бинобар сабабҳои ғарқшавӣ ба ҳалокат расидаанд.
Бахтиёр Раҳмонзода, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон аслан сабабҳои ғарқшавиро дар каммасъулиятии бархе аз волидайн медонад.
Ба андешаи ӯ риояи нодурусти қоидаҳои обозӣ ва ё надоштани ҳунари оббозӣ боиси сар задани чунин ҳодисаҳои нохуш мегардад. Дар ҷойи муайяншуда бояд оббозӣ кард. Аз ҷумла дар ҳавзҳое, ки сатҳи обашон паст бошад.

Ба андешаи ӯ падару модарон бояд фарзандонро беназорат нагузоранд. Баъзан волидайн фарзандони худро ба оббозӣ бурда, дар ҷойҳои хавфнок оббозӣ мекунанд, ба умеди он ки гӯё муҳофизат карда метавониста бошанд, аммо ин бисёр хатарнок аст, мегӯяд ӯ.
Барои ҳар нафар ҳунари оббозӣ хеле муҳим аст, аммо иҷрои ин амал албатта дар ҷойҳои муайяншуда бо риояи қоидаҳои дурусти оббозӣ бояд сурат бигирад.
Ба андешаи мусоҳиби дигарамон Саидҳомиддин Нарзуллоев, яке сабабҳои ғарқшавии сокинон, хусусан кӯдакону наврасон дар кӯлу дарёҳои ҳудуди кишвар ин камбуди ҳавзҳои шиноварӣ низ аст. Ба андешаи ин мусоҳиби мо ташкили бештари ҳавзҳои шоноварӣ хеле муҳим аст. Ба ин хотир сари ин масъала бояд масъулони мақомотҳои алоқаманд ва соҳибкорони маҳал таваҷҷуҳ намоянд.
Ба таъкиди масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳар нафаре агар оббозӣ карда наметавонад, кӯшиши ба дарё даромадан накунад. Фаромӯш набояд сохт, ки фурсати ғаркшавӣ хеле кӯтоҳ аст.
Таъкид карда мешавад, ки агар бо аҳли оила ба соҳил меравед, ҳатман ба кӯдакон тартиби рафторро омӯзонед ва онҳоро лаҳзае беназорат нагузоред.
Ба гуфтаи масъулини Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон оббозӣ дар ҷойҳои барои шиноварӣ номусоид, надонистани шиноварӣ ва бетаваҷҷуҳии волидон аз сабабҳои аслии ғарқшавии кӯдакону наврасон (ва дигар сокинон) дар кӯлу дарёҳо ҳисобида мешавад. Аслан оббозӣ дар дарёҳо хатарнок буда, шиноварӣ дар онҳо тавсия дода намешавад. Танҳо маконҳои муайяне ҳастанд, ки он ҷо оббозӣ кардан мумкин аст. Лекин баъзе аз сокинон ҳушдору огоҳиҳои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар мақомоти алоқамандро нодида мегиранд, ки дар натиҷа чунин ҳодисаҳои нохуш сар мезананд.
М. Акрамов
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



