Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
08 май 12:20АСОСӢ / Ахбор / Ҳуқуқ ва амният / Ҷамъият / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Маслиҳати муфид
Таъсиси ҳайъати корӣ, баҳри баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон ҷаласаи роҳнамоии гурӯҳҳои корӣ, баргузор гардид, ки дар доираи амалиёти вилоятии пешгирикунандаи "Маданияти шаҳрдорӣ" роҳандозӣ шудааст.
Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули "хона ба хона", пешгирии ифротгароӣ ва тарғиби муҳити тозаву озода дар кучаву маҳаллаҳои шаҳр, рӯйи кор омад.

Дар кори ҷаласа Абдусаломзода Анзурат муовини раиси вилояти Хатлон, Назарзода Шариф Раҳмон сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷавонон, маориф, дин, танзими ҷашну маросим ва кормандони сохторҳои низомии вилоят иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа таъкид гардид, ки амалиёти "Маданияти шаҳрдорӣ" бо ҳадафи мустаҳкам намудани робитаи мақомот бо сокинон, таҳкими фарҳанги шаҳрнишинӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ дар миёни табақаҳои мухталифи ҷомеа, ташвиқи худогоҳиву худшиносии ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҷалби ҷавонон ба равияҳои ифротӣ, бартарафсозии омилҳои халалдоркунандаи оромии ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва коҳиш додани хурофотпарастӣ ва таассуби динӣ амалӣ мешавад.
Бо ин мақсад дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо иштироки сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гурӯҳҳои махсуси корӣ таъсис ёфта, ҳамарӯза дар самти татбиқи бандҳои асосии амалиёт фаъолият хоҳанд бурд.

Муовини раиси вилоят ва сардори РВКД дар суҳбат бо ҳозирин таъкид намуданд, ки ҳангоми анҷом додани корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо, риояи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" ва "Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо" ҳатмӣ аст.
Ҳамзамон зимни суҳбату вохӯриҳо, тағйироти Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар бораи истифодаи ғайриқонунии барқ шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



