Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
06 май 14:49АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Мақолаҳо / Чеҳра
Асрори ҳунарманд
Хатичамоҳ Назарова аз зумраи он ҳунармандонест, ки бо кадбонугӣ ном бароварда, байни мардум соҳибэҳтиром гардидааст. Ҳамаи сокинони шаҳраки Чорсӯи ноҳияи Муъминобод ва берун аз он ӯро ҳамчун кадбонуи моҳир ва ботаҷриба мешиносанд.
Гарчанде дар пухтану омода намудани бисёр таомҳои миллӣ ва навъҳои гуногуни нон маҳорати баланд дошта бошад ҳам, дар байни мардум дар омодасозии қурутоб шуҳрат пайдо кардааст. Аз ҳамаи расму русум, одату ойинҳо ва анъанаҳои миллӣ огаҳӣ дораду қурутобро бо маҳорати баланд ва бо тамоми нозукиҳояш тайёр карда, пешкаши меҳмонон менамояд. Ӯ гуфт, ки “Мо дар оила ду духтар-апаву хоҳар будем. Модарамон дар ноҳияи кӯҳистони Муъминобод ҳунарманди асил, аз ҷумла, ҳамчун омодасози қурутоб ном бароварда буд. Модар медонист, ки ману апаам барои пухтану омода намудани таомҳои миллӣ, аз ҷумла қурутоб шавқу рағбати зиёд дорем, моро ҳамроҳаш ба маъракаҳо мебурд. Дар гузаронидани маъракаҳо дар гузару деҳаҳои кӯҳистон барои 100-120 нафар қурутоб тайёр кардан лозим меомад. Ману апаам ба модарам кумак мерасонидем. Модарам ба ман ҳамаи сирру асрор ва нозукиҳои тайёр намудани қурутобро ёд додааст”.
Қурутоб яке аз навъҳои лазизтарин ва дӯстдоштатарин таомҳои миллии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Қариб дар ҳамаи манотиқи кишвар ҳамчун хӯроки миллӣ шинохта шуда, эътироф гардидааст.
Қурутоб асосан таркиби сода дошта, аз об, қурут, фатир, пиёз ва равғани зард омода карда мешавад.
Ба гуфтаи ӯ мардуми кӯҳистон аслан дар фаслҳои тирамоҳ, зимистон ва оғози баҳор, ки ҳаво нисбатан сард аст, ин ғизои дӯстдоштаи миллиро истеъмол менамоянд, зеро миҷозаш гарм асту барои саломатӣ манфиатбахш мебошад.
Дар ҳақиқат қурутоб хӯроки серғизо ва бомазза буда, ба аксарият писанд аст. Қурутобро ҳар кадбонуи одӣ тайёр карда наметавонад, зеро он сирру асрор ва нозукиҳои худро дорад, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Қурутоб ҳамчун таоми миллии мардуми тоҷик маъруф аст. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб омода намудани қурутоб, ки яке аз хӯрокҳои дӯстоштаи мардум маҳсуб меёбад, вижагиҳои хоси худро дорад.
Ба гуфти холаи Хатичамоҳ қурутобро ба якчанд тарз тайёр кардан мумкин аст: қурутоби гӯштӣ, қурутоб бо орди осиёбӣ, қурутоби лавандак ва дигар навъҳо.
Дар қурутоб чизи асосӣ фатир аст, ки онро махсус тайёр мекунанд ва онро сангакӣ мегӯянд.
Дар дили шаб, вақте аҳли хонавода дар хоби нозанд, холаи Хатичамоҳ хамир мешӯрад ва қариби субҳдам он мерасад, яъне тайёр мешавад. Қурутҳоро молида (каф зада), дӯғи аз қурутҳо омодашударо дар косаи алоҳида мегирад. Хамирашро сахт мешӯраду дар оташи на он қадар тез мепазад. Фатири сангаки тайёр мешавад. Онро майда реза карда, дар танӯр, дохили зарфи калони оҳанӣ мемонад. Баъди 10 -15 дақиқа онро гирифта, дар даруни табақҳои калон мегузоранд. Дӯғи аз қурут ҳосилшударо ба болои табақи пур аз фатир мерезад. Сипас, равғани зард ё равғани зағири ҷӯшидаистодаро ба даруни табақ мерезад. Пиёзҳои хоми майдакардашударо низ ба болои қурутоби тайёр мерезад. Қурутоби лазизтаринро, ки ба қавле аз хӯрданаш сер намешавӣ, бо тамоми нозукиҳояш омода намуда, пешкаши аҳли хонавода ва меҳмонон менамояд.
– Хамирро сахт мехеланд ва фатири сангакӣ, дӯғу равғанро ҷабида намегирад ва қурутоб бисёр бомазза мешавад, – мегӯяд холаи Хатичамоҳ.
Ӯ аз он ифтихор дорад, ки замони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардида, умри дубора ёфтанд. Ифтихорманд аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба ҳангоми сафари кориашон ба ноҳияи Муъминобод ба дастархони хӯрокҳои миллии ӯ баҳои баланд доданд.
Бо хоҳиши раиси ноҳия ҳар сол дар мавсими ташрифи сайёҳон ба мавзеи биҳиштосои Чилдухтарон рафта, хӯрокҳои миллӣ - қурутоб, шакароб, фатирмаска, атолаҳои буридаю туппаро бо маҳорати баланд тайёр карда, пешкаши меҳмонони расмӣ ва сайёҳони дохилию хориҷӣ менамояд.
А. Бобозода, ноҳияи Муъминобод
Добавить комментарий
Ахбор
ФАРЗАНДИ ШУҶОЪ 12:51ТАЛОШИ САБЗ, ҲОСИЛИ ЗАРД Ё ҚИССАИ ЯК БАНАНПАРАВАР 12:43БИЁ, МО НАРАВЕМ 13:06ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН" ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 13:01БОХТАР. МУМФАРШ ВА ЧАРОҒОНКУНИИ 1,2 КИЛОМЕТР РОҲ 10:59ХАТЛОН. РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 14:02ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР ОБТАЪМИНКУНӢ 14:07ХУТТАЛИ ҚАДИМ – ГАНҶИНАЕ ДАР РӮЙХАТИ ЮНЕСКО 13:59
Серхонандаҳо
БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД
ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ
ХАТЛОН: НАЗДИК БА 80% ДУХТАРОНИ СИННИ 10 – 14-СОЛА ИММУНИЗАТСИЯ ШУДАНД
БОХТАР. МУМФАРШ ВА ЧАРОҒОНКУНИИ 1,2 КИЛОМЕТР РОҲ
ФАРРУХЗОДАҲОИ МИЛЛАТ
ХУТТАЛИ ҚАДИМ – ГАНҶИНАЕ ДАР РӮЙХАТИ ЮНЕСКО
РОҲИ ОСОНИ БАРҚАРОР НАМУДАНИ ҶИГАР



