Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад
Дар доираи нақша – чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни 35 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи ордбарории “Хатлонзахира” таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.
Дар ин бора мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур Саид Шукуров ба “Сафо” иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур 200 тонна орд дар як шабонарӯз буда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан 180 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд.
Ба иттилои Саид Шукуров корхонаи мазкур чанд сол боз аз фаъолият боз монда буд, ва бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ дубора таъмиру азнавсозӣ шуд.
Дар умум дар доираи ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёду азнавсозии 340 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то инҷониб 266 адади онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Дар иншооти сохташуда беш аз 300 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.
С. СУЛТОНОВ
(Акс аз интернет)
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



