Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо”
Таҳти ин инвон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 1-ум то 10-уми апрели соли равон амалиёти шартӣ гузаронида шуда, дар натиҷа нисбати 9076 нафар ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон намуданд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон иттилоъ додааст.
Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ роҳандозӣ гардида, дар доираи ин амалиёт аз ҷониби нозирони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Хатлон ва шуъбачаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо як қатор чорабиниҳои профилактикӣ гузаронида шудааст.

Нозирони роҳ дар корхонаву муассисаҳо, терминалҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуда, ба иштирокчиён қоидаҳои дурусти ҳаракати роҳу нақлиётро фаҳмониданд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар бештари садамаҳои нақлиётӣ, ки ронандагон ва мусофирон аз беаҳамиятӣ тасмаи бехатарии воситаи нақлиётро истифода накардаанд, оқибат ба ҷароҳату ҳалокшавии шаҳрвандон анҷом ёфтааст. Истифодаи тасмаи бехатарӣ, пеш аз ҳама, кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофирон аст.
Мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ба тамоми ронандагон дастур додааст, ки ҳангоми идораи воситаи нақлиёт ба таври қатъӣ аз тасмаи бехатарӣ истифода намоянд ва ҷони худу дигаронро зери хатар нагузорнад.
С. СУЛТОНОВ
(Аксҳо аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон)
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
МАРДИ МЕҲНАТ
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



