Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Мазҳакаи “Зангирӣ ё дамгирӣ”
Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар намоиши нави мазҳакавӣ бо номи “Зангирӣ ё дамгирӣ” ба саҳна гузошта шуд.
Намоиш аз рӯйи асари драматурги маъруфи тоҷик Султон Сафаров таҳия гардида, масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва зиндагии оилавӣ бо забони шӯху ҳаҷвомез пешкаши тамошобинон гардид.
Қаҳрамонони асосии асар ду дӯст бо номи Махсуми Ҳандалак ва Усто Барот мебошанд, ки бо фиреби мардум ва суиистифода аз эътиқоди динии онон талош мекунанд ба ҳадафҳои шахсии худ бирасанд. Онҳо бо пешниҳоди фатвоҳои сохтаву беасос мардумро гумроҳ карда, маблағи муфт ҷамъ мекунанд.
Дар намоиши мазкур образи зане бо номи Бегим бо сабру таҳаммул ва меҳрубонӣ кӯшиш мекунад оилаи худро аз парокандашавӣ наҷот диҳад. Дар ин роҳ ба ӯ як зани кордон ва фаъол бо номи Шафиқабону ёрӣ мерасонад.
Мавзӯъҳои муҳим ба монанди хурофотпарастӣ, озори занон ва пошхӯрии оила дар заминаи боварҳои кӯр-кӯрона дар намоиш ба таври возеҳ нишон дода шуд. Намоишнома тавассути лаҳзаҳои хандовар ҷомеаро водор мекунад, ки нисбат ба масъалаҳои муҳим ҳушёр бошанд ва қурбонии фиреби шахсони манфиатҷӯ нагарданд.
Гарчанде асар солҳои пеш навишта шуда бошад, таҳиягарон онро бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеа таҳрир намудаанд. Он равандҳои хатарзоеро бозгӯ мекунад, ки баъзан зери ниқоби фатво ва эътиқод, инсонҳоро ба хатогӣ мебаранд ва ҳатто метавонад сабаби шомилшавии баъзеҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ гардад.
Маҳмадалӣ Маҳмадализода
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



