Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дӯстӣ. Нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шуд
Дар миёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, баъд аз шаҳри Левакант, хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Дӯстӣ низ аз иҷрои дурнамои ин ашёи хоми саноатӣ баромаданд.
Тавре сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи болозикр Шамсиддин Эшбеков ба “Сафо” иттилоъ дод, нақшаи дурнамо дар ноҳия 100 фоиз иҷро шуда, 19 ҳазору 300 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар ноҳияи Дӯстӣ дар майдони 7 ҳазору 730 гектар пахта кишт шуда, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ ба нуқтаҳои қабул 19 ҳазору 300 тонна пахта супорида шудааст. Ҳосилнокӣ ба ҳар як гектар ба андозаи 25 сентнерӣ рост меояд.
Номбурда афзуд, ки ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон буда, хоҷагидорон азм доранд то кӯраки охирин ин ашёи хоми саноатиро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Дар ин баробар аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба “Сафо” иттилоъ доданд, ки то санаи 11-уми ноябри соли равон дар вилояти Хатлон 140 ҳазору 433,5 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нишондод 47,57 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


