Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
30 окт 16:24АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод / Мақолаҳо / Сохтмон ва меъморӣ
Қадамшоҳ Расулзода: Молия сутуни давлат аст
“Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ёфта, имрӯз ин соҳа дар кишвар ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст. Тавре Пешвои муаззами миллат зимни баромади хеш ҳангоми ифтитоҳи бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда буданд, “Татбиқи муваффақонаи сиёсати молиявӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда, дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими миллӣ нақши назаррас мегузорад”.
Масъулини Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ азму талоши хешро баҳри он равона намудаистодаанд, ки татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатиро сифатноку саривақтӣ иҷро намоянд.
Тавре зимни суҳбат сардори Раёсати мазкур Қадамшоҳ Расулзода иброз намуд, бо назардошти воқеии иқтисодии ноҳия, иҷрои нақшаи андоз давоми нуҳ моҳи сипаригардидаи соли равон 101,1 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 35 миллиону 765 ҳазору 827 сомонӣ ворид гардидааст. Ин нишондод нисбат ба нақша дар ҳаҷми 390 ҳазору 575 сомонӣ зиёд мебошад.
Ҷиҳати сари вақт пардохт намудани музди меҳнат ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони ташкилоти муассисаҳои буҷетӣ, музди меҳнати онҳо дар ҳаҷми беш аз 63 миллион сомонӣ пурра пардохт карда шудааст. Дар ин давра пардохти музди меҳнат ва маблағҷудокуниҳо ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ пурра пардохт гардида, қарздорӣ аз рӯи ин нишондодҳо вуҷуд надорад. Ҳамчунин, дар ин давра тамоми намуди андозҳо сифатнок иҷро гардидаанд.
Қадамшоҳ Расулзода дар идомаи суҳбат афзуд, ки воридшавии маблағҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ҳамчун ёрии молиявӣ тибқи нақша беш аз 52 миллион сомониро ташкил медод, ки ба андозаи 100 фоиз таъмин гардид. Инчунин, ҳиссаҷудокуниҳо аз буҷети вилоят 100 дарсад иҷро гардида, маблағи он дар ҳаҷми 9 миллион сомонӣ ихтисос дода шуд.
-Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ низ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ин давра 99 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёти ноҳия беш аз 98 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, - гуфт Қ. Расулзода.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд бо қарорҳои раиси ноҳия аз ҳисоби бақияи озоди буҷети маҳаллӣ 195 ҳазору 856 сомонӣ ва аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия 105 ҳазору 553 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ҳамаи ин маблағҳо мақсаднок истифода бурда шудаанд.

Масъулини Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар баробари бечунучаро маблағгузорӣ намудани соҳаҳои муҳими иқтисодии ноҳия, инчунин ба корҳои созандагию бунёдкорӣ азму талош намуда истодаанд.
Феълан дар ноҳия сохтмони бинои Раёсати молия муташаккилона идома дошта, рӯзҳои наздик мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад. Иншооти мазкур дар доираи ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда мешавад.
-Бинои пешинаи Раёсати мо дар даврони Шуравӣ сохта шуда, бо мурури замон куҳнаю таъмирталаб гашта буд. Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ ва дар доираи нақша чорабиниҳои ҷашни пурифтихори миллат – 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ барои мо кормандони молия бинои хуштарҳу замонавии се ошёна бо таҳхона сохта шуда истодааст. Дар назар аст, то охири соли равон мо ба бинои нав кӯчида, дар беҳтарин шароит ба халқу Ватани азизи хеш аз сидқи дил хизмат менамоем, - гуфт дар фарҷоми суҳбат Қадамшоҳ Расулзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ, н. Ҳамадонӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



