Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
“Рӯзи саводнокии молиявӣ” дар минтақаи Бохтар
Имрӯз 13-уми сентябри соли ҷорӣ дар бинои филиали №42-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар доираи "Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, Nº586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ”, “Рӯзи саводнокии молиявӣ” доир гардида, маҳсулотҳои бонкии “Амонатбонк” ба намоиш гузошта шуд.
Дари доираи чорабинии мазкур нахуст намоишгоҳи маҳсулоти бонкӣ баргузор гардида, дар он масъулини бонк ба мизоҷон оид ба хизматрасониҳои бонкӣ, алалхусус маҳсулотҳои қарзӣ, намуди пасандозҳо, кортҳои пардохтӣ, “Интернет-банкинг”, пардохти қулайи хизматрасониҳо тавассути барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ва ғайра маълумот доданд.

Дар идома мутахассисони идораи танзим ва назорати марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва департаменти қарздиҳии КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Ибодов Нуралӣ ва Сироҷов Шуҳрат бо рӯнамо оид ба тарзу услуби истифодаи “Барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ва “Меъёри фоизи қарзҳо” баромад намуда, ба иштирокдорон оид ба низоми пардохти ғайринақдӣ алалхусус барномаи мобилии Амонат-мобайл, ҳамёнҳои электронӣ, маҳсулотҳои қарзӣ бо фоизҳои дастрас, талаботҳо барои гирифтани қарз ва ғайра маълумот пешниҳод намуданд.
Пас аз пешниҳоди рӯнамо миёни иштирокдорони чорабинӣ суолу ҷавоб сурат гирифта, ба хотири ҳававсмандгардонии онҳо аз ҷониби масъулини бонк туҳфаҳои армуғонӣ тақдим гардид.
Ташкил ва баргузор намудани чунин намуд чорабиниҳои молиявӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар ин самт таъсири мусбии худро мерасонад.
Д. ШАРИФОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



