Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бохтар. Тақдими туҳфаҳои Пешвои миллат
Имрӯз 30 август ба 100 нафар ятимони кулл ва кӯдакони оилаҳои ниёзманди шаҳри Бохтар туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд. Иқдоми мазкур дар арафаи соли нави таҳсили 2024 – 2025 амалӣ гардида, аз маҷмӯи сари либос ва ловозимоти хониш иборат буд.
Ҳадяҳои идонаро раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ва дигар ҳайати ҳамроҳонаш ба наврасон тақдим карданд.

Қишрҳои ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимони кулл ва кӯдакони оилаҳои ниёзманд пайваста зери ғамхориҳои бевоситаи Сарвари дурандешу ятимпарвари мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, мунтазам дастгирӣ меёбанд.
Наврасон бо шукргузорӣ аз Ватани ободу пешрафта миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, изҳор намуданд, ки ғамхориҳои падаронаи Президенти мамлакатро пайваста эҳсос мекунанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо онҳо ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, оянда тамоми кӯшишу ғайрати хешро баҳри ободии ин диёри биҳиштосо равона месозанд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


