Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
08 авг 13:21АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Иқтисод / Маслиҳати муфид
ХУШККУНИИ ЗАРДОЛУ БО УСУЛИ МУОСИР
Зиёд гаштани боғҳои зардолу ва афзоиши истеҳсоли ин намуди мевагӣ, боиси афзоиши коркарди меваи хушк ва рӯ овардани боғдорон ба усули хушккунии муосири он дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон гардид.
– Замоне мо, боғдорон зардолуро бо усули анъанавӣ хушк карда, бо мушкиливу нархи арзон ба фурӯш мегузоштем,- қисса мекунад Робиямо Шарипова, сокини ноҳияи Вахш. –Ҳосили дарахтони пурбори зардолу рӯйи замин рехта, дар бештари маврид хӯроки чорво мешуд. Солҳои пеш ҳатто бархе аз боғдорон ниҳолони зардолуро канда, ҷойи он дигар намуди мевагӣ мешинониданд, то тавонанд фоидае ба даст оваранд. Зеро фикр мекарданд, ки аз меваи зардолу фоида ба даст оварда намешавад.
Ба андешаи ин зани боғпарвар ӯ ҳанӯз аз соли 2001 боғ бунёд кардаю дар ин самт кор мекунад, аммо танҳо 7 сол қабл зимни як омӯзиш аз боғдорони вилояти Суғд роҳу усули муосири хушккунии меваи зардолуро омӯхт.
–Танҳо пас аз он, ки усули муосири хушккунии меваи зардолуро омӯхтам, сифати ғулингҳои зардолуи мо беҳ гашту мизоҷони он зиёд, - мегӯяд Р. Шарипова – Ҳоло 3 навъи хушкмеваи зардолу дорем, ки аз 5 то 50 сомонӣ қимат доранд.
Ба нақли ӯдар оғоз онҳо чанд нафар аз омӯзиш гузаштанду бо усули муосир хушк кардани зардолуро омӯхтанд. Бо мурури вақт ба дигар ҳамсоягону боғдорон омӯзониданд.
– Хушк кардани зардолу ба мо, боғдорон имкон медиҳад, ки ҳам фоидаи бештар ба даст оварем ва ҳам маҳсулоти боғи хешро бидуни талаф ёфтан, бо сифати баланд нигоҳ дорем,-мегӯяд ин зани боғпарвар. –Дар аксар аз шаҳру навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 1 килограмммеваи зардолу 3-5 сомонӣ арзиш дораду ҳосили ин намуди мевагӣ пас аз пухта расидан ҳамагӣ 1 ҳафта нигоҳ дошта мешавад. Аз ин рӯ, дар сурати хушк карда натавонистани он боғдорон фоида ба даст оварда наметавонанд.
Дар ҳамин ҳол Сабоҳатулло Музаффаров, коршиноси соҳа мегӯяд, ки зардолу мевае нест, ки онро тулонӣ нигоҳ дошта шавад. Пас аз пухта расидан, дар як ҳафта аллакай ҳосили зардолу вайрон шуда, истеъмол карда намешавад. Аз ин лиҳоз, дар минтақаи Хатлон боғдорон дар бештари маврид ҳосили ин намуд мевагиро ба чорво медиҳанд.
Ҷамъоварӣ ва содироти зардолу
Тибқи иттилои Холмуродзода Аъзамҷон, сардори Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар шаҳру навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон то соли ҷорӣ 4 ҳазору 585 гектар боғи зардолу ба қайд гирифта шудааст. Танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар минтақаи Бохтари вилоят 50 ҳазору 892 тонна зардолу истеҳсол шудааст.
Ба гуфтаи Зоирзода Умед, намояндаи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 50 ҳазор тонна меваи истеҳсолгаштаи зардолу ҳамагӣ 1000 тоннаи он хориҷ аз кишвар содирот шудааст, боқимонда 49 ҳазори дигар дар дохили кишвар боқӣ мондааст.
– Соли ҷорӣ нақша дорем, ки аз навоҳии Кӯшониён, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстии минтақаи Бохтари вилоят, меваи хушки зардолу хориҷ аз кишвар содирот шавад, - мегӯяд Зоирзода Умед, намояндаи Агентии содироти назди ҲҶТ дар вилояти Хатлон. – Аммо содирот гаштани меваи хушк ба хориҷ, аз минтақаи Бохтари вилоят, таҷрибаи нав асту умедворем дар ин самт ҳам боғдорони мо муваффақ хоҳанд шуд.
Бино ба гуфтаи қаҳрамонони матлаби мо пештар онҳо меваи зардолуро чида, дар офтоб мегузоштанд, пас аз хушк кардан бо нархи ночиз ба фурӯш мебароварданд. Гоҳҳо, ҳатто ҳамонқадар пуле ба даст меоварданд, ки хароҷотро пӯшонида наметавонистанд.
– Ҳамакнун, дар ин самт таҷрибаи кофӣ дорем, - изҳор медорад Робиямо Шарипова. – Чандин омӯзишҳо гузаштаю роҳҳои бастабандӣ, бо усули муосир хушк кардани зардолуро аз худ кардаам. Ин таҷриба ба мо имконият медиҳад, аз зардолу пули хуб кор кунем. Шахсан ман, сол то сол дар баробари хушк кардани меваҳои боғи худ, зардолуҳои ҳамсоягонро ҳам мехарам.
Ба гуфтаи Робиямо ӯ дар як сол беш аз 3 тонна зардолуро хушк карда ба фурӯш мегузорад. Солҳои охир барои хориҷ аз кишвар баровардани дастранҷи хеш талош намуда истодааст.
– Барои хушк кардани меваи зардолу қариб як моҳ лозим мешавад,-мегӯяд ӯ. –Зеро 3 рӯзи аввал зардолуро дар офтоб гузошта, тез – тез рӯгардон мекунем. Баъдан, дар соя гузошта, то хушк шудани он интизор мешавем. Агар зардолу дар офтоб зиёд истад, сиёҳ шуда, арзишаш поён меравад.
Ба ҷойи хулоса. Вобаста ба ин, коршиносон тахмин мезананд, ки агар ҳамчунин бо суръат ривоҷ ёфтани меваи хушк ва талош барои содироти он давом ёбад, солҳои наздик вилояти Хатлон метавонад яке аз минтақаҳои асосии шаклгирифтаи истеҳсоли меваи хушк ва содироткунандаи он дар кишвар гардад.
Низоми ИСО, н. Вахш
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД