Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ
Ҳамасола дар арафаи соли нави хониш масъалаи таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси ягонаи мактабӣ ба миён меояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади фароҳам овардани шароиту имконоти мусоид ба истеҳсолкунандагони ватанӣ онҳоро дастгирӣ менамояд.
Истеҳсоли либосҳои мактабӣ на танҳо ба таъмини талаботи хонандагон равона шудааст, балки барои рушди соҳаи саноати сабуки кишвар ва таъмини ҷойҳои корӣ барои сокинон дар маҳалҳо аҳамияти хоса дорад. Чун солҳои пешин талабот ба сарулибоси мактабӣ афзоиш ёфта, он аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд.
Айни замон дар шаҳри Бохтар якчанд корхонаҳои дӯзандагӣ фаъолият мекунанд, ки ба дӯхти сару либосҳои мактабӣ машғуланд.
ҶДММ “Дарз” аз ҷумлаи корхонаҳои дӯзандагӣ маҳсуб меёбад, ки дар он 40 нафар занону духтарон фаъолият доранд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 10 ҳазор адад либоси мактабӣ буда, аз лиҳози сифат дар бозор рақобатпазир мебошад.
Коргоҳ бо дастгоҳҳои муосири чеварӣ ва дигар лавозимоти корӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, кормандон дар баробари рушди истеҳсолот ба сифати маҳсулоти истеҳсолкардаи худ диққати аввалиндараҷа медиҳанд.
Дӯзандагони коргоҳ либосҳои мактабӣ ва ҷиҳози бистарӣ барои муассисаҳои томактабӣ омода менамоянд. Дар коргоҳ тибқи дархост ва фармоиши мизоҷон низ либосҳои махсуси корӣ барои кормандони ташкилоту муассисаҳо истеҳсол карда мешавад.
Ҳамасола бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр роҳбарони коргоҳҳои дӯзандагӣ, масъулини соҳаи маориф, падарону модарони хонандагон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати таъмини саривақтии наврасон бо сарулибоси мактабӣ ба мувофиқа мерасанд.
Имсол ҶДММ “Дарз” барои омода намудани либосҳои ягонаи хонандагони ҳашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фармоиш гирифтааст. Масъулин ва кормандони сехи дӯзандагӣ бо мақсади ҷавобгӯи талаботи харидорон омода намудани сарулибоси мактабӣ саъю талош доранд, ки фармоишҳоро сари вақт ва бо сатҳу сифати баланд омода намуда, бо нархи дастрас ба харидорон дастрас намоянд.
Маърифат Рашидова аз рӯзҳои аввали ба фаъолият оғоз намудани ҶДММ «Дарз» дар ин коргоҳ фаъолият дошта, ҳамчун мутахассиси кордон ба занону духтарон, ки қаблан аксарияти онҳо хонашин буданд, малакаи касбӣ меомӯзад. Ӯ бо дӯхтани ҷузъҳои мушкили либоси мактабӣ, аз ҷумла остин, гиребон ва пеши кастюм дасти моҳир дорад.
-Дӯхти либос барои хонандагон аз омода намудани дигар намуди либосҳо фарқ мекунад,- мегӯяд Маърифат Рашидова. - Либоси кӯдакону наврасони мактабхон бояд шинам, зебо ва қулай бошад. Зеро насли наврас табиатан серҳаракатанд ва аз ин лиҳоз мо дарзи либоси мактабиро мустаҳкам медӯзем, то давоми соли хониш барои волидони онҳо зарурияти аз нав харидорӣ кардани либос ба миён наояд.
Таваҷҷуҳ ба сифати либоси мактабӣ ва муҳаббати беандозаи Маърифат ба касбаш намунаи ибрат барои дигарон аст ва бозгӯи он аст, ки истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноати сабук дар Тоҷикистон ҳам сол аз сол ба сатҳу сифати истеҳсолот ва эҷоди тарҳҳои ҷолибу мавриди назари харидорон таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Хулоса, таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ ба рушди соҳаи саноати сабуки кишвар марбут аст. Бо фаъол гардидани теъдоди бештари коргоҳҳои дӯзандагӣ дар ҳудуди кишвар ва дар заминаи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, истеҳсоли либоси мактабӣ дар дохили кишварамон рушд карда, бо мурури замон воридоти он аз хориҷи мамлакат коҳиш меёбад. Ин раванд на танҳо ба беҳтар гардидани сифати маҳсулоти дохилӣ, балки ба рушди иқтисодиёт ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои кории нав низ мусоидат хоҳад кард.
Маҳмадалӣ Маҳмадалиев
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД



