Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КӮШОНИЁН. САНОАТ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ ҚАРОР ДОРАД
-Дар зарфи шаш моҳи соли 2024 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳияи Кӯшониён ба 1 миллиарду 121 миллиону 277 ҳазору 700 сомонӣ расонида шуд,- гуфт раиси ноҳия Икромиддин Вализода зимни нишасти матбуотӣ.
Ӯ афзуд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи гузашта, беш аз 40 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда, 944 миллиону 597 ҳазору 900 сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 137 миллиону 787 ҳазору 600 сомонӣ ба соҳаи саноат ва 38 миллиону 892 ҳазору 200 сомонӣ ба соҳаи сохтмон рост меояд.
Зикр шуд, ки феълан дар ноҳия 45 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамоянд, ки аз ҷониби онҳо зиёда аз 60 номгӯи молу маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад.
Вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун "Солҳои рушди саноат" дар ин давра 4 адад корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ, як корхонаи чопи маҷаллаҳо, як корхонаи истеҳсоли мебел ва як корхонаи хурди истеҳсоли равған мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан дар онҳо даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



