Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАҚШАИ УМУМИИ АНДОЗҲО ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 100,8% ИҶРО ГАРДИД
Дар нимсолаи аввали соли 2024 иҷрои нақшаи умумии контингенти андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,8% таъмин гардида, ба ҷойи 1 миллиарду 284,9 миллион сомонии нақша, ба буҷет 1 миллиарду 295,7 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои давлатӣ ворид карда шуд. Ин нишондод нисбат ба нақша 10,8 миллион сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 168,7 миллион сомонӣ ё 115% зиёд мебошад,- иттилоъ дод Ҷурабеки Ҷумъа, сардори Раёсати андоз дар вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ.
Дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳо танҳо дар ноҳияи Ёвон 81,8% таъмин гардид, ки дар натиҷа ба буҷет 39,9 миллион сомонӣ маблағи андозҳо ворид нагардид. Ҳамчунин, дар вилоят иҷрои нақшаи ду намуди андоз, аз ҷумла, андоз аз даромади шахсони воқеӣ 93,7фоиз ва андоз барои захираҳои табиӣ 70,8 дарсад таъмин гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет 35,1 миллион сомонӣ ворид нагардид.
Новобаста аз ин, масъулини аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят ба сифатнокии иҷрои нақша аҳамияти зарурӣ надода, бо сабабҳои гуногун иҷрои сифатнокии нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ дар аксар шаҳру ноҳияҳо таъмин нагардидааст. Яъне 9 шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят аз уҳдаи ичрои нақшаи аз 1 то 3 намуди андозҳо баромада натавонистанд.
МАҲМАДАЛӢ МАҲМАДАЛИЕВ
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



