Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АЗ ИСТЕҲСОЛ ТО БА СОДИРОТИ ПИЁЗ
Подоши заҳмати деҳқон сари вақт ҳосили фаровон ба даст овардан ва бо нархи дилхоҳ ба фурӯш рафтани он аст. Дар ин шабу рӯз оғози содироти ҳосили пиёзи хоҷагиҳои кишоварзии навоҳии Ҷайҳуну Дӯстии вилояти Хатлон муҳимтарин мавсим барои деҳқонон аст, ки суду зиёни заҳмати деҳқониро натиҷагирӣ менамоянд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки кишоварзони ин ноҳияҳо аз ҳосили пиёз ва даромаднокии он қаноатманданд.
Навоҳии пиёзкори вилоят
Ҷайҳун ва Дӯстӣ ду ноҳияи асосии пиёзкор дар ҳудуди вилоят ба шумор мераванд, ки хоҷагидорону деҳқонони ин ноҳияҳо соле даҳҳо ҳазор тонна пиёзи барвақтиро ба бозор мебароранд.
Бинобар иттилои Диловар Собирзода, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони 3 ҳазору 600 гектар пиёзи барвақтӣ кишт намуда буданд, ки то имрӯз аллакай ҳосили беш аз 500 гектари он ҷамъоварӣ гашта ба бозорҳои вилоят ва фаротар аз он содирот карда шудааст.
Ба андешаи кишоварзи ноҳияи Ҷайҳун ҳосили пиёз назар ба солҳои қаблӣ хеле ҳам хуб буда, деҳқонон ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар қитъаҳои кишти пиёз 400 – 450 сентнери ҳосил гирифта истодаанд.
– Ҳар сол то оғози мавсими ҷамъоварӣ, арзиши 1 килограмм пиёз дар бозорҳои мамлакат то ба 5- 6 сомонӣ мерасид, – иброз дошт Диловар Собирзода. – Аммо баробари оғоз гаштани ҷамъоварии пиёзи барвақтии кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун нархи он аз 80 то 1 сомонӣ поин фароварда мешавад.
Ба гуфтаи ӯ бо гузашти 15 рӯз аз оғози мавсими ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ хоҷагидорон аллакай 4 ҳазор тонна дастранҷи худро ҷамъоварӣ намуда, ба фурӯш бароварданд.
– Соли гузашта кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ наздик ба 200 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ истеҳсол намуда буданд, – мегӯяд Ҷаббори Раҳматалӣ, саркишоварзи ноҳияи Дӯстӣ. – Имсол, ки ҳосилнокии ин маҳсулоти барвақтӣ баланд аст, хоҷагидорони пешқадами ноҳия аз ҳар гектар замини кишти пиёзи барвақтӣ 500 – 550 сентнери ҳосил рӯёнида истодаанд.
Ба гуфтаи мавсуф бо дарназардошти даромади хуб аз кишту парвариши пиёзи барвақӣ ҳамасола дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ майдони кишти ин маҳсулоти зарурӣ зиёд гашта истодааст. Аз ҷумла, соли ҷорӣ хоҷагидорон дар масоҳати қариб 500 гектар пиёзи барвақтӣ кишт карда буданд, ки бо интихоби тухмии хушсифату заҳмати софдилона имрӯз аз ин заминҳо ҳосили баланд гирифта истодаанд.
Май-моҳи содирот аст
-Дар тӯли як ҳафтаи аввали моҳи майи соли ҷорӣ аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то 24 майи соли равон зиёда аз 9100 тонна пиёзи барвақтӣ ба хориҷ аз кишвар содирот гардид, – иброз дошт Умед Зоирзода, намояндаи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон. – Содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят, асосан моҳи май шуруъ шуда, аллакай соҳибкорон содироти пиёзро ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз намудаанд.
Ба андешаи мавсуф содироти пиёз ба хориҷи кишвар омили муҳими ба нарху навои муносиб ба фурӯш баровардани он аст, ки хоҷагидорон дар баробари пӯшонидани хароҷоти хеш аз заҳмати кишту кору парвариши ин маҳсулот фоидаи хуб ба даст меоваранд. Дар сурати коҳиш ёфтани содироти пиёз ба хориҷи кишвар арзиши он дар бозори дохилӣ коҳиш меёбад, ки ин ба зарари истеҳсолкунандагони ин маҳсулот аст. Зеро соле, ки содироти ину он маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар коҳиш ёбад, дар соли минбаъд қисми зиёди хоҷагиҳо ин маҳсулотро кишт намекунанд, ки ин ҳам боиси камчинӣ ва боло рафтани нархи он дар бозорҳои кишварамон мегардад.
– Чанд сол қабл, аниқтараш дар давраи хуруҷи бемории “Ковид-19”, бинобар маҳдудиятҳои раводид байни кишварҳо ва қатъ шудани ҳаракати нақлиёт ба дохилу хориҷи давлатҳо ҳосили пиёз содирот нашуд. Дар натиҷа арзиши пиёз ба 20 дирам поён фаромад,- иброз медорад Умед Зоирзода, – Вақте арзиши 1 килограмм пиёз ба 20 дирам баробар гардид, баъзе деҳқонон ҳисороти гарон дида, ҳатто ҳосилро ҷамъоварӣ накарда, заминро шудгор карданд. Ҳамин тавр, пас он дар чанд соли баъдӣ кишти пиёз дар ноҳияҳои пиёзкор коҳиш ёфт, ки оқибат нархи як киллограмм пиёз то ба 10 сомонӣ расида буд. Аз ин лиҳоз, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тамоми талоши худро ба он равона мекунад, ки дастранҷи марди деҳқон талаф наёбад. Дар ҳамкорӣ ба дигар кишварҳо дар баробари содирот намудани дигар номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ, пиёзи барвақтӣ ба кишварҳои гуногун содирот карда мешавад.
Тавре мушоҳида мегардад, солҳои охир хоҷагидорону деҳқонон ҳам дар самти содироти маҳсули истеҳсолнамудаи худ ба хориҷи кишвар таҷриба андухта истодаанд. Дар ин росто усулҳои беҳтари банду баст ва мутобиқи талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ борбандӣ намудани маҳсулоти кишоварзиро аз бар карда истодаанд.
Деҳқонони ноҳияҳои Ҷайҳуну Дӯстӣ бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ дар кишвар ва баҳрабардорӣ аз заминҳои файзбори меҳан содиқона заҳмат кашида, дар баробари баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои хоҷагиҳои худ, ҳамчунин, дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар саъю талош менамоянд. Тавре масъулони Агентии содироти назди ҲҶТ дар вилояти Хатлон иброз медоранд, раванди содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, пиёзи барвақтӣ мисоли равшани ҷидду ҷаҳди деҳқонону соҳибкорони вилоят ҷиҳати ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас аст.
Низоми ИСО, “Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД