КАЛИМАҲОИ ИҚТИБОСӢ ДАР ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои дунё буда, ба гурӯҳи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад. Дар тӯли мавҷудияти хеш ниёгони мо ин забонро бо номҳои паҳлавӣ, суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, портӣ, порсӣ, форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ, форсии бостон, форсии миёна ва форсии нав ёд мекарданд. Ин забон барои ориёнажодон ҳамчун забони муоширати байни ҳамдигар ба ҳисоб мерафт.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳеҷ як забони рӯи дунё дар танҳоӣ рушду тараққӣ накардааст ва забони тоҷикӣ ҳам аз ҳисоби калимаю вожаҳои иқтибосӣ аз забонҳои дигар фонди луғавии худро ҳамеша ғанӣ гардонидааст.
Тавре, ки аз таърих медонем, форсизабонон пас аз ҳуҷуми арабҳо дар баробари пазируфтани дини мубини ислом, инчунин барои таълиму тадриси мадрасавӣ хат ва забони арабиро низ қабул намуданд ва дар натиҷа ба захираи луғавии забони тоҷикӣ калимаҳои зиёди иқтибосии арабӣ ворид гардиданд, ки миқдори воридшавии онҳоро мутахассисони соҳа дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба ҳисоби фоиз нишон додаанд. Масалан Ҳомид Маҷидов дар мақолаи «Калимаҳои иқтибосии арабӣ дар забони тоҷикӣ» миқдори калимаҳои арабии ба забони тоҷикӣ воридгардидаро аз гуфтаи олими эронӣ Маликушшуаро Баҳор чунин ба қалам додааст: «Ба қавли Маликушшуаро Баҳор, (воридшавии калимаҳои арабӣ ба забони тоҷикӣ, А.Ш.) дар охирҳои асри XI ба 10-15 % расидааст, дар асри XII он 22%-ро ташкил медиҳад. Калимаҳои иқтибосии арабӣ дар асрҳои XIII-XIV ба миқдори 70-80% афзоиш кардаанд. Ин миқдор дар забони тоҷикӣ-форсии ибтидои асри XX 60-70%-ро ташкил медод. Баъди ислоҳоту назоратҳои пайвастае, ки дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ нисбати чунин калимаҳо гузаронида мешуданд, миқдори онҳо як андоза паст рафтааст. Бо вуҷуди он имрӯз ҳам дар услубҳои гуногуни нуқтаи мо тақрибан ба 40-50% калимаҳои мустаъмалро калимаҳои арабӣ ташкил медиҳанд».
Инчунин ба захираи луғавии забони тоҷикӣ аз забонҳои туркӣ, муғулӣ, юнонӣ, ҳиндӣ, русию интернатсионалӣ ва ғайра низ калимаю вожаҳо ворид гардидаанд, ки дар маҷмӯъ ҳамаи онҳо аз ҷониби соҳибзабонон барои ифода намудани афкор мавриди истифода қарор мегиранд.
Агар масъалаи ба забони тоҷикӣ ворид гардидани калимаю вожаҳои туркию муғулиро дида бароем, маълум мегардад, ки ин миқдор калимаҳо чандон зиёд набошанд ҳам, вале мавриди истеъмоланд.
Аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки ағлаб калимаҳое, ки бо ҳарфи «қ» оғоз мешаванд, калимаҳои иқтибосии туркӣ-муғулианд. Масалан, калимаҳои «қишлоқ», «байрақ», «чуқур», «элак», «ямоқ», «қашқа», «қапқон», «қуллуқ», «қуруқ», «қалин», «ихчам», «тӯра», «ясовул», «қӯшбегӣ», «юриш», «қӯшун», «утоқ», «бой», «силтав», «қамчин», «ялангӣ», «пайт», «фук», «кушодӣ», «талқон», «инҷиқ», «қилиқ», «туқум», «чоқ», «қӯқа», «қошуқ», «қатиқ», «қайроқ», «қоқ», «қундоқ», «ӯгай», «қашшоқ», «ӯсма», «йиртиш», «езма», «ем», «етак», «йӯрға», «қимиз», «темур», «бургут», «суюқ», «қуюқ», «хоқон» ва ғайра ба забони туркию муғулӣ мансубанд, ки маънои онҳоро хонандаи тоҷик хуб мефаҳмад. Хонанда ҳангоми мутолиаи асари бадеӣ ва ё дигар китобҳои илмию методӣ ба ин гуна калимаҳои иқтибосӣ рӯ ба рӯ шавад ҳам, аз туркию муғулӣ будани онҳо чандон огоҳӣ надорад, зеро маънои онҳо барояш фаҳмоянд.
Агар мо ба китоби муътабари «Фарҳанги забони тоҷикӣ» назар андозем, мебинем, ки он аз 45 ҳазор калимаю ибораҳо фароҳам оварда шудаанд ва табиист, ки дар миёни он ҳама анбӯҳи захираи луғавӣ калимаю вожаҳо аз дигар забонҳо низ ба назар мерасанд. Мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар қисмати «Сохти фарҳанг», ки дар оғози китоби мазкур навиштаанд, роҷеъ ба калимаҳои иқтибосӣ чунин оварда шудааст: «Дар паҳлуи калимаҳои ғайритоҷикӣ ишораи этимологӣ гузошта шудааст, ки аз кадом забон омадани калимаро нишон медиҳад: а, - арабӣ, т. - туркӣ ва ҳоказо».
Дар баробари ин ба таркиби забони тоҷикӣ аз асри ХХ сар карда гурӯҳи зиёди калимаҳои русию аврупоӣ дохил гардиданд ва ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад. Ба гурӯҳи калимаҳои иқтибосии русию аврупоие, ки ба забони тоҷикӣ ворид гардидаанд метавон чунин калимаҳоро намуна овард: «политика», «союз», «приказ», «аэроплан», «аэропорт», «практика», «программа», «тема», «реформа», «тактика», «стратегия», «план», «график», «ресурс», «компютер», «интернет», «телефон», «фонограмма», «силлабус», «кредит», «оператор», «режисёр», «дирижёр» ва ғайра.
Ба захираи луғавии забони тоҷикӣ дар қатори калимаҳои дигар забонҳо калимаҳои ҳиндӣ низ ворид гардидаанд, ки маънои баъзеи онҳоро аз луғатҳо дарёфтаву донистан мумкин аст. Масалан, калимаи ҳиндигии «пон» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чунин шарҳ дода шудааст: «пон ҳ. барги як навъ дарахтест аз зоти филфил (мурч) дар Ҳиндустон, ки онро барои сурх кардани лабҳо мехоянд».
Калимаҳои юнонӣ низ дар таркиби забони тоҷикӣ мавҷуданд. Масалан, калимаи «пиёла» юнонӣ буда, маънояш дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чунин оварда шудааст: «қадаҳ, ҷоми май, косаи хурди шаробхӯрӣ, ки бо он моддаи моеъро мехӯранд».
Як қисм калимаҳо бинобар сабаби аз як забон ба забони дигар гузаштанашон шакли аввалаи худро дигаргун намудаанд. Ба ин қабил калимаҳо метавон калимаҳои «порсӣ - форсӣ», «пил - фил», «гавҳар - ҷавҳар», «пингон - финҷон» ва ғайраро мисол овард. Масалан, калимаи «пингон», ки аслан тоҷикист, баъди ба забони арабӣ гузаштанаш шакли «финҷон»-ро гирифтааст. Пинҷон дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чунин шарҳу маънидод гардидааст: «пингон/бингон 1. коса, ҷом… 2. ташт, тос… 3. Тоси соат, тоси мисини таҳсӯрох, ки онро дар миёни тағораи пуроб мегузоранд ва як бор пур шудани он аз об як вақти муайянеро мефаҳмонад».
Муаллифони китоби «Забони тоҷикӣ» (барои донишҷӯёни низоми таҳсилоти кредитии ихтисосҳои тарҷумонӣ, забонҳои хориҷӣ ва рӯзноманигорӣ) калимаҳои иқтибосии аз дигар забонҳо ба забони тоҷикӣ воридгардидаро ба навъҳои қадим ва нав ҷудо намуда, доир ба ҳар кадоми онҳо чунин мисолҳо овардаанд:
«Иқтибосҳои қадим аз забонҳои модӣ, бохтарӣ, портӣ, суғдӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, хитоӣ ба вуқӯъ пайвастаанд. Чунончӣ: аз юнонӣ: фонус, номус, обнус. арғунун, дафтар, кимиё, Осиё, шоф (шамшер), пиёла, лаган ва ғ.; аз ҳиндӣ: кӯтвал, шағол, шакар, сандал, филфил, карбосва ғ.; аз хитоӣ: коғаз, тим (бозори пӯшида), чунг (рост), суфа, фағфур ва ғ.; аз суғдӣ: канизак, гирев, катак, рова, оғоз, нағз; аз модӣ: зӯр, бузург; аз портӣ: шаҳр, меҳр, муҳр, заҳр, кишоварз, андарз, нажод, каж, боғ, мурғ ва ғ.… аз забони арабӣ: таваррум, сафир, ариза, азиз, музояда, узв, аъзо, асъор, одат, муътабар, муҳтарам, мактаб, мукаммал ва ғ.; аз туркӣ: қӯшун, қозӣ, қӯшбегӣ, девонбегӣ, эликбошӣ, қаровулбегӣ, қош, қайчӣ, қаймоқ, чоруқ, елим, тағо, ака, отава ғ; аз забонҳои аврупоӣ ва русӣ: бонк, корт, риск, кредит, вексел, коэффитсиент, комбист ва ғайра.
Дар баробари ба забони тоҷикӣ ворид гардидани калимаю вожаҳои арабӣ, туркӣ-муғулӣ, ҳиндӣ, русӣ, инчунин калимаҳои лотинӣ низ ба мушоҳида мерасанд, ки мо онҳоро дар боло ба гурӯҳи калимаҳои русӣ-аврупоӣ дохил карда будем. Аз захираи луғавии забони тоҷикӣ якчанд калимаҳои лотинии дар луғатҳо овардашударо ба таври намуна мисол меоварем. Масалан, калимаҳои «мавзолей», «магистрал», «магистр», «магистрант», «магистратура», «майор», «максималӣ», «мандат», «мануфактура», «материал», «медиатор», «медитсина» ва ғайра ба забони лотинӣ мансубанд.
Имрӯзҳо бо пешрафти илму технологияи ҳозиразамон садҳо ва ҳатто ҳазорон калимаҳои иқтибосии аз забонҳои хориҷӣ вориди забони тоҷикӣ гашта, дар ғанӣ гардидани он саҳм гузоштаанд. Агар ин падида аз як тараф дар забондонии шаҳрвандон кумак расонад, аз тарафи дигар боиси махлут гардидани забони давлатӣ гардидааст. Дар шароити кунунӣ пеши роҳи чунин ҷараёнро боздошта намешавад, зеро замон инро тақозо карда истодааст. Ба ҳар ҳол одами ҳозиразамонро мебояд, ки дар баробари хуб донистани забони модарӣ аз забонҳои пешрафтаи дунё низ бохабар бошад.
Бинобар ин, моро месазад, ки дар баробари хубу аъло донистани забони давлатӣ, ки онро забони меъёрӣ низ меноманд, бояд аз якчанд забонҳои хориҷӣ низ бархӯрдор бошем, то дар фаҳмидани калимаҳои иқтибосии аз дигар забонҳо ба захираи луғавии забони тоҷикӣ воридшуда оҷизӣ накашем.
Шоира АБРУЕВА,
омӯзгори коллеҷи
тиббии шаҳри Бохтар