Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶСК “АЗОТ” НАРХИ КАРБАМИТРО АРЗОН КАРД
Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот”-и шаҳри Левакант, арзиши як халтаи вазнаш 50 килои карбамитро 180 сомонӣ кардааст. Иқдоми мазкур то 31 май идома хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта як халтаи ин нурии минералӣ 350 сомонӣ арзиш дошт.
Дар ин бора Агентии иттилоотии Азия+ бо такя ба маълумоти Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ додааст.

Манбаъ зикр кардааст, ки соли гузашта корхонаи “Азот” ба миқдори зиёда аз 36 ҳазор тонна нуриҳои азотӣ истеҳсол кардааст. Дар сурати пурра фаъолият кардани он, корхона имкон дорад ҳамасола 180 ҳазор тонна карбамит ва 123,6 ҳазор тонна аммиак истеҳсол намояд.
Дар ҳамин ҳол сомонаи Вазорати кишоварзии кишвар иттилоъ додааст, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” калонтарин корхонаи кимиёвӣ дар мамлакат буда, бо мақсади таъмини талаботи хоҷагидорону кишоварзони мамлакат бо нуриҳои минералӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироат саҳми назаррас дорад.
Инчунин саҳифаи фейсбукии ҶСК “Азот” хабар додааст, ки дар корхона ба ғайр аз аммиаку карбамит боз истеҳсоли ду навъи нуриҳои минералии дигар, аз қабили “Гумат калий” ва “Хамираи гумин” ба роҳ монда шудааст.
С. СУЛТОН
(Акс аз саҳифаи фейсбукии ҶСК “Азот”)
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



