Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БЕШ АЗ 15 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ ОШКОР ШУД
Соли 2023 аз ҷониби мутахассисони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар самти назорати давлатии молиявӣ 176 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои вилояти Хатлон аз санҷиш гузаронида шудааст, ки аз он 21 адад аз рӯи мактуб, гузориш ва қарорҳои шуъбаҳои тафтишоту таҳқиқи раёсат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Дар ин бора сардори раёсати болозикр Аваззода Шараф зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда ба маблағи 15 миллиону 493 ҳазору 186 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуда, аз ҳисоби зарарҳои молиявии ошкоргардида 14 миллиону 565 ҳазору 411 сомонӣ барқарор карда шуд.
Зикр шуд, ки дар самти мубориза бо коррупсия 397 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор карда шуд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 як ҳолат зиёд мебошад. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 148 адад ҷиноятҳои вазнин буда, маблағи зарар аз рӯи онҳо 10 миллиону 729 ҳазору 506 сомониро дар бар мегирад. Аз ин маблағ то давраи ҷамъбасти соли гузашта 8 миллиону 590 ҳазору 804 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



