Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
27 янв 14:04АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Мақомот
ХАТЛОН. ҶАШНИ САДА ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва фаъолону кишоварзони ҳудуди вилоят ҷашни бостонии Сада бо як шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд.
Чорабинии мазкур бо афрохтани гулхан, ки ҳамчун рамзи ин иди аҷдодии мо шинохта мешвад оғоз гардида, ҳайати меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, техникаву мошинолоти ин соҳа, намоиш ва фурӯши ниҳолҳо ва анъанаҳои ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни баромади хеш зикр кард, ки боиси ифтихору шодмонист, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми кӯҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Миллати тоҷик бо фарҳангу тамаддуни бою ғанӣ дар ҷаҳон ҷойгоҳи хоса дорад. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, амсоли Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.
Гуфта шуд, ки соли сипаригардидаро мардуми сарбаланди вилояти Хатлон дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ соли бобарор ва самарабахш арзёбӣ менамоянд.

- Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят давоми соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ 35 млрд. 326 млн. 251,2 ҳазор сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба соли 2022-юм ба 106,8 фоиз баробар гардид (афзоиш 2 млрд. 251 млн. 840,1 ҳазор сомонӣ). Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 103,1% (24 млрд. 640 млн. 108,2 ҳазор сомонӣ), соҳаи чорводорӣ 116,5%-ро (10 млрд. 686 млн. 143,0 ҳазор сомонӣ) ташкил дод.
- Соли 2023 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи растанипарварӣ 1 млн. 86 ҳазор тонна ғалладона, 229 ҳазор тонна пахта, 227 ҳазор тонна картошка, 1 млн. 800 ҳазор тонна сабзавот, 764 ҳазор тонна полезӣ, 276 ҳазор тонна мевагиҳо, 92,6 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардид. Афзоиши ҳаҷми истеҳсол нисбат ба соли 2022 аз 1,2 то 16,8 фоизро ташкил медиҳад.
- Дар соҳаи чорвопарварӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 237 ҳазор тонна (117,6 %), шир 575 ҳазор тонна (106,0 %), тухм 134 млн. дона (110 %), пашм 6000 тонна (104,0%), пилла 116 тонна (64,2%) асал 1220 тонна (100,5%) ва моҳӣ 3900 тоннаро (110,4%) ташкил дода, афзоиши ҳаҷми истеҳсол нисбат ба соли 2022 аз 0,5 то 17,5 фоизро дар бар мегирад, - гуфт раиси вилоят.

Дар идомаи суханронии хеш раиси вилоят қайд кард, ки вавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид”.
Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ бар зидди торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад.
Мувофиқи боварҳо ва манбаъҳои бостонӣ, агар Хуршед бо нури худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани хонаву қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон замина гузоштааст.
Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азамати худро барқарор намуд.
Инчунин, 6-уми декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамфарҳанг номинаҳои «Ҷашни Сада», «Анъанаи бофтани атласу адрас» ва «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардиданд.

Ҳамасола дар ин айём мардуми Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, инчунин аз ҳавлию хонаҳо ашёҳои нодаркорро берун карда, ба тозаву озода гардонидани манзилу гирду атроф ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ машғул мешаванд. Аз гузаштагон анъанаи хубе то имрӯз боқӣ мондааст, ки тоҷикон суфраи ҷашни Садаро бо гузоштани меваҷот, донагиҳо, хушкмеваҳо, тайёр кардани шарбат ва хӯрокиҳои дигар аз анвои орди гандумӣ, ҷавӣ, нахудӣ оро медиҳанд.
Ташкили намоиш-фурӯши ниҳолу дарахтон, гулу гулбуттаҳо, омода кардани техникаи кишоварзӣ, яке аз унсурҳои дигари иди Сада ба шумор рафта, ба ин васила мардум ба корҳои саҳроӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ оғоз мебахшанд.
Раиси вилоят барои саҳми арзанда гузоштани кишоварзони вилоят дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани дастурхони мардум, истифодаи пурсамари заминҳои кишт, ба роҳ мондани содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва расидан ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ дар соли 2023 ба деҳқонон, кормандони комплекси агросаноатӣ ва кулли сокинони вилоят изҳори ташаккур намуданд.
Дар фарҷом як қатор заҳматкашони беҳтаринҳои сол ва фаъолоне, ки саҳми хешро дар натиҷаҳои дастовардҳои соли 2023 гузоштаанд, бо Ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД



