Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД: МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВУСЪАТ БАХШИДА ШАВАД!
4 декабр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва қисман раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Дар ҷаласа раиси вилоят оид ба дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат, омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли ҷорӣ, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, кишти такрорӣ, зимистонгузаронӣ суханронӣ намуданд.
- Аз ин рӯ кишоварзони вилоятро зарур аст, ки бо мақсади самараноку оқилона истифода бурдани замин ва ба кишти зироатҳои кишоварзӣ суръат бахшида, дар муҳлати обтималӣ кишти онҳоро ба анҷом расонанд. Ба ин васила истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзун намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд, - афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.

Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба раисони шаҳру ноҳиявҳои Кӯлоб, Кӯшониён, Вахш, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷ ва Ҷалолиддини Балхӣ супориш доданд, ки дар самти ҷамоварии ҳосили пахта ва нақшаи дурнамо дар соли 2023 аз ҳавои мусоид истифода бурда, беталаф тиллои сафедро ҷамъоварӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки оид ба амалисозии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба самараноку оқилона истифода бурдани замин, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ, захираи маводи озуқаворӣ, саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи имсола ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ба давраи тирамоҳу зимистон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, маъракаи ҷамъоварии ҳосилро вусъат бахшанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



