Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Эҳёгарони арзишҳои миллӣ
Имсол дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - ватани азизи ман” дар жанри дизайни муд ва бофандагии бадеӣ аз рӯи “Номинатсияи дизайн” омӯзгори фанни таълими меҳнат ва расми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ноҳияи Ёвон Наргис Саидова сазовори Шоҳҷоиза гардид.
Наргис дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ дар бахши чаҳоруми шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳсил дошта, фориғ аз кори таълиму тарбия, боз пешаи аҷдодони ҳунарпарвари худро идома дода, ба хоҳишмандону дӯстдорони сарулибоси миллӣ мудҳои нав ба нави замонавиро омода менамояд.
Ӯ бори нахуст дар чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, бо пешниҳоди намунаҳои гуногунранги тарроҳии сарулибос барои кормандони соҳаҳои гуногун тамошобинону дӯстдорони мудҳои либоси миллиро тасхир намуд. Тавре худ иқрор меояд ӯ ҳанӯз аз овони 12 солагӣ ба дӯхти сарулибос шавқу рағбат пайдо намуда, нахустин хоҳишмандони дастранҷҳои ҳунариаш ҳамсояву хешу пайвандонаш будааст, ки заҳмату истеъдодашро қадр мекарданд.
Дар тарроҳӣ ва дӯхти сарулибоси занона ва таҳияи мудҳои гуногуни куртаву камзӯлча ва дигар абзори навхонадорон нахустин устодам модари бузургворам ба ҳисоб меравад, ки то аз бар намудани нозукиҳои дӯзандагиву сайқали ҳунари тарроҳӣ заҳмати зиёд кашидааст,- мегӯяд Наргис Саидова. - Баъдан, дар ин ҷода аз хоҳарбузургам низ нозукиҳои ҳунарҳои гуногунро омӯхтаам, ки онҳо дар баробари такмили донишу маҳорат ҳам шавқу рағбатамро ба азбар намудани пешавариҳои гуногуни миллӣ бедор мекарданд. Ҳамин тавр, тӯли солиёни зиёд ва муаррифӣ намудани маҳсули ҳунарҳои дастӣ назди 22 нафар ҳунармандони номвари ноҳияи Ёвон ва фаротар аз он касбу ҳунар омӯхтаам. Ростӣ ҳадаф аз иштирокам дар ин озмун пешниҳоди маҳсули ҳунарҳои миллӣ ва мудҳое буд, ки то замони баргузории ҳамин гуна озмунҳои ҷумҳуриявӣ, фаротар аз деҳу рустоҳо муаррифӣ нашуда буданд.
Наргис итминон дорад, ки он намунаҳои сарулибоси расмӣ, ки дар озмун ба маърази ҳакамону тамошобинон гузошта буд, шояд дар оянда берун аз ҳудуди ноҳияи Ёвон ва вилояти Хатлон харидор пайдо намояд. Аз ин лиҳоз, ҳунарманди чирадаст бо шукргузорӣ аз иқдоми Пешвои муаззами миллат изҳор медорад, ки бо шарофати ташкилу баргузории Озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст”, “Илм- фурӯғи маърифат” садҳо истеъдодҳои наврасу ҳаваскорону ҳунармандони рустоҳои дурдаст дар сатҳи кишвар шинохта мегарданд. Ғолибон ва ҳунармандону ҳаваскорони аз деҳу рустоҳои дурдасти кишвар ба василаи иштирок дар ин озмунҳо ба шоҳроҳи касбу ҳунар ва намоишгоҳу саҳнаҳои ҳунарии ҷумҳуриявию байналмилалӣ роҳ хоҳанд ёфт.
Наргис Саидова дар жанри дизайни муд ва бофандагии бадеӣ аз рӯи номинатсияи дизайни Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - ватани азизи ман” бо намунаҳо аз се тарроҳиҳои сарулибоси расмӣ иштирок намуд, ки бо ба роҳ мондани дӯхти ҳар як аз ин либосҳои занона метавон кормандони соҳаҳои гуногунро бо либоси расмӣ таъмин намуд. Дар мудҳои расмии пешниҳод намудаи ӯ омезиши тароҳиҳои аврупоӣ бо нақшу нигор ва гулу қуроқдузиҳои миллии тоҷикӣ мушоҳида мешавад, ки ба сифат ва намои тарҳҳои эҷоднамудааш ҳусни дигар бахшидаанд. Ҳунарманди куртадӯз дар матои интихобнамудааш асосан се ранг сафед, сабз ва сурхро истифода бурдааст. Ба гуфтаи ӯ яке аз намунаҳои пешниҳоднамудааш барои кормандони соҳаи бонк пешбинӣ гардида, дигар тарҳҳоро метавонанд омӯзгорон ва кормандони соҳаи хизмати давлатӣ ба бар намоянд.
Наргис Саидова дар баробари ҳунарҳои тарроҳии либосу дӯзандагӣ инчунин саноати заргарӣ, чакану қуроқдӯзӣ, тоқиву дӯхти ҷомаву ҷелакро барои мавсимҳои гуногун низ аз бар намудааст, ки дар аснои эҷоди мудҳои наву замонавӣ ба ӯ ангезаву андешаи тоза медиҳанд.
Юсуфи Собир, ноҳияи Ёвон
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



