Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАНД
Дар доираи нақша чорабиниҳои ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар барои кормандони милитсия бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд мешавад.
Тавре аз хадамоти матбуотии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ба “Сафо” иттилоъ доданд, иншоот аз ҳафт ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ташкили маркази савдо ва хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки аз мавзеи сохтмон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дидан карда, ба оғози корҳои сохтмонӣ санги асос гузоштанд.
Ба сохтмончиён дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати махсус дода, дар муҳлати муайянгардида иншооти мавриди назарро ба истифода диҳанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



