Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ҶАРИМА ШУДАНД
Давоми ҳашт моҳи сипаригардидаи соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон 48 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои будубоши ғайриқонунӣ ба маблағи зиёда аз 67 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.
Дар ин бора сардори ниҳоди болозикр Баҳодур Азиззода ба “Сафо” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт нафароне, ки ҷарима шудаанд, 24 нафарашон шаҳрвандони Молдова, 16 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 4 нафар аз Покистон, 2 нафар аз Эрон ва 2 нафари дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Арманистон мебошанд.
Зикр шуд, ки аз ҳамаи 48 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ошкоргардида 67 ҳазору 480 сомонӣ ҷарима ситонида шуда, ба буҷети давлат ворид карда шуд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 51 ҳазору 480 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ аз ҷониби масъулони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон нисбати ҳамин давраи соли гузашта 36 ҳолати будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ зиёд ошкор карда шудааст.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



