Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дар шаш моҳ 4 тонна хун ҷамъоварӣ шудааст
Давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон дар филиалҳои муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”-и минтақаи Бохтар ва Кӯлоб ба миқдори 4 тонна хун ҷамъоварӣ шудааст.
Дар ин бора директори филиали муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” дар минтақаи Бохтар Ҷурахон Саидов ба “Сафо” иттилоъ дод.
Тибқи гуфтаи ӯ ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 13,7 фоиз зиёд буда, 3 ҳазору 200 литри он ба филиали минтақаи Бохтар ва 800 литри дигар ба филиали минтақаи Кӯлоб рост меояд.
Зикр шуд, ки ин миқдор хун аз 9 ҳазору 782 нафар хунсупоре, ки дар давоми шаш моҳ ба ин филиалҳо муроҷиат кардаанд, ҷамъоварӣ шудааст.
Ҷурахон Саидов ҳамчунин гуфт, ки захираи хун ва ҷузъҳои он дар марказҳо ба таври кофӣ мавҷуд буда, тамоми муассисаҳои табобатии вилояти Хатлон бо хун таъмин мебошанд.
-Ҳамаи донорон зери назорати доимии тиббии табибон буда, ба онҳо мувофиқи нишондодҳо ташхисҳои иловагӣ низ гузаронида мешавад, - гуфт Ҷ. Саидов.
Супоридани хун барои саломатии инсон аз манфиат холӣ набуда, баҳри рафъи бемориҳои фишорбаландӣ, бемориҳои дилу рагҳо ва аллергологӣ манфиатбахш мебошад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



