Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
05 июл 11:13АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Маслиҳати муфид
Парвариши меваҳои тропикӣ
Наздик ба ду сол аст, ки дар гармхонаи наздиҳавлигии холаи Файзӣ дигар бодирингу помидор не, балки ниҳолони банан, кивӣ ва папая (нахли харбуза) парвариш меёбад. Ӯ бо шинонидани 25 кӯчати банану 1 папая ва 2 киви, як гармхонае, ки солҳои қаблӣ дар он сабзавоти барвақтӣ кишт кардаю даромад ба даст меовард, ба парвариши ниҳолони тропикӣ оғоз намуд.
- Парвариши растаниҳои тропикӣ, идеяи писарам буд, - мегӯяд холаи Файзӣ. – Писарам Зайниддин ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафта, парвариши банан ва папаяю киви дида, аз он ҷо 28 ниҳоли хурди ин меваҳои тропикиро харида бо худ меорад. Ҳоло аз се гармхонаи наздиҳавлигӣ якеаш ба парвариши меваҳои тропикӣ табдил ёфтааст.
Зайниддин пайи рисқу рӯзӣ одатан берун аз кишвар ҳам муҳоҷир мегардад ва нигоҳубини ниҳолони тропикӣ ба зимаи холаи Файзист. Азбаски таҷрибаи парвариши меваҳои тропикӣ дар ин макон нав аст, шавқи холаи Файзӣ ҳам ба сабзонидани банану папая зиёд буда, ӯро миёни ҳамсоягон ҳамчун зани бананпарвар муаррифӣ намудааст.

Гарчанде аз ниҳолони овардаи писараш танҳо 7 банану 1 папая сабзида ба ҳосил даромад, аммо холаи Файзӣ ният дорад оянда бо зиёд кардани ниҳолони ин намуди мевагӣ бананпарвариро рушд бахшад.
- 8 кӯчати банан ва 5 папаяро аз моҳи марти соли равон худам сабзонидам,- аз таҷрибаи андухтааш нақл мекунад холаи Файзӣ. – Дар сардии зимистони имсола ду ниҳоли пур аз ҳосили киви хушк шуд, бинобар ин натавонистам онро кӯчат намуда, зиёд кунам. Ният дорем дубора парвариши кивиро ба роҳ монем.
- Ватани аслии растаниҳои тропикӣ Осиё ва Африқо маҳсуб меёбад,- мегўяд холаи Файзӣ. - Ин меваҳо гармидӯст буда, дар ҳавои сард тоб намеоранд. Хушк гаштани 2 ниҳоли пур аз ҳосили киви дар аввали фасли баҳор ин гуфтаҳоро барои камина исбот намуд. Зеро аввалҳои моҳи март, вақте ҳаво нисбатан офтобӣ гашт, мо рӯи гармхонаи худ боз кардем, аммо паст гаштани ҳарорати ҳавои шабона ба ниҳолони киви таъсири худро расонида, онҳоро хушк кард. Ин ба мо таҷрибае шуд барои минбаъд рушд бахшидани парвариши растаниҳои тропикӣ.

Ба гуфтаи холаи Файзӣ ин растаниҳо чун дигар меваҳои Тоҷикистон соле як маротиба ҳосил дода, як ниҳол то 40 килограм бор хоҳад гирифт. Ӯ имсол лаззати аввалин ҳосили растаниҳои тропикии сабзонидаи худро чашида, барои равнақ бахшидани он талош хоҳад намуд.
- Нигоҳубини растаниҳои тропикӣ аз дигар мевагиҳои ватанӣ фарқе надорад,-мегӯяд ӯ. – Танҳо ин ниҳолҳоро дар фасли зимистон аз сардиҳо эҳтиёт намудан лозим меояд.
Дар боби холаи Файзӣ...
Файзӣ Рустамова, сокини Ҷамоати деҳоти “Қумсангир”-и ноҳияи Ҷайҳун аст. Ӯ ҳоло 68 сол дошта, даврони пирӣ меронад. Ба синну соли худ нигоҳ накарда, ҳоло ҳам заҳмат мекашаду пайваста ба замин сару кор дорад. Аз дастранҷи хеш ҳам дастархони хонаро зеб медиҳад ва ҳам ба бозор бароварда, фоида ба даст меорад.
Низоми ИСО
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



