Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СОҲИБЭҲТИРОМ
Пешаи омӯзгорӣ чун қуллаи нурафканест, ки тамоми касбу вазифаҳои олам аз он сарчашма мегиранд. Омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст. Зеро агар инсоният ба ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир диҳад, муаллим бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад. Зеро, пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа, аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста мебошад. Маҳз наслҳои солимфикр, соҳибмаълумоту дорои ҷаҳонбинии комил, метавонанд суръати киштии миллатро бидуни каҷу килебиҳо рост сӯи соҳили матлаб биронанд.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фармудаанд: “Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод – омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад.”
Ҳамдамзода Хурсанд аз зумраи он омӯзгоронест, ки бо вуҷуди ҷавон будан, аллакай дар байни коллективи омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳибэҳтиром гаштааст.
Ӯ соли 1987 дар ноҳияи зебоманзари Муъминобод дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Гимнизияи “Ҳиммат”-и ноҳияи Муъминободро соли 2004 бо баҳои хубу аъло хатм карда, ҳуҷҷатҳояшро ба факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав месупорад. Соли 2009 таҳсил дар ин боргоҳи илму маърифатро бомуваффақият ба итмом расонида, дар кафедраи ҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити ҳамин донишгоҳ ба кор оғоз мекунад.
Баъдан дар вазифаҳои гуногун, аз қабили саромӯзгори кафедраи ҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети иқтисодӣ, мудири кафедраи назарияи иқтисод ва молия, мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ, декани факултаи менеҷмент ва низоми гумрук ва декани факултаи гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ифои вазифа намудааст. Аз соли 2021 то инҷониб ба ҳайси муовини ректори ҳамин донишгоҳ фаъолият карда истодааст.
Мавсуф ҳамчун шахсияти соҳибистеъдоду ташкилотчӣ ва роҳбари кордону масъулиятшинос бо диду ҷаҳонбинии васеъ дар ҳалли аксарият масъалаҳои донишгоҳ ҳиссаи арзандаи хешро гузоштааст.
Ӯ бо ҳамкорону шогирдон меҳрубону самимӣ буда, ҳамеша раҳнамову маслиҳатгари онҳо мебошад.
Хурсанд Ҳамдамзода чун олими ҷавон низ миёни муҳаққиони соҳаи иқтисод мақоми хоса дошта, дар баррасии проблемаҳои зиёди соҳа пешгом мебошад.
-Чун дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаам, аз хурдӣ меҳри омӯзгорӣ дар қалбам маъво гирифта буд, - мегӯяд ӯ. - Идеали ман дар зиндагӣ устодам буд, ки ҳамеша ба ӯ пайравӣ мекардам. Аз хурдӣ пеши худ мақсад гузошта будам, ки ҳатман омӯзгор мешаваму фарзандони халқро илм меомӯзам. Худоро шукр, ки ин орзуи деринтизори ман амалӣ гардиду имрӯзҳо ба таълиму тарбияи насли наврас машғулам ва аз пешаи интихобкардаи хеш заррае пушаймон нестам, - гуфт Хурсанд Ҳамдамзода.
Бузургворе барҳақ фармудааст: “Муаллимӣ касб нест, муаллимӣ ишқ аст. Агар онро ҳамчун воситаи рӯзгузаронӣ қарор додаӣ, раҳояш кун. Вале агар он ишқи туст, муборак бошад”.
Ҳамдамзода Хурсанд ин пешаи пурифтихорро ҳамчун ишқ қабул кардаю, ҳама талошҳои хешро баҳри соҳибтахассус кардани насли ҷавон равона кардааст.
-Самараи неки Истиқлолият ва баракоти сулҳу суботи кишвар аст, ки дар мамлакати азизи мо ба масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад, - гуфт дар идомаи суҳбат Хурсанд Ҳамдамзода.
– Воқеан Истиқлолият ҳамчун дастоварди олӣ ва нодири мардуми шарафманди кишвар ҷиҳати тавсеаи имконот ва шароити мусоиду арзанда барои насли ояндасоз заминаи мусоид фароҳам овард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид намудаанд, ки маҳз Истиқлолият роҳи ҷавононро ба сӯи бунёдкориву созандагӣ боз кард ва замина гузошт, ки намояндагони ин қишри ояндабунёд дар рушду инкишофи мамлакат саҳми назаррас ва шоиста дошта бошанд. Имрӯз аз мо, ҷавонон ҳамчун неруи пешбари ҷомеа, қишри ояндасоз, қувваи фардосоз, такягоҳи боэътимод ва ояндаи миллату давлат ном мебаранд. Ин эътимод, боварӣ ва умеди Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон барои мо насли ҷавон на танҳо ифтихор, балки масъулият ҳам ҳаст, ки моро ҷиҳати сазовор будан ба ин ҳама дастгирӣ ва ғамхориҳо ҳидоят месозад ва мо вазифадорем, ки бар ивази ин ҳама ғамхориҳо дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи хешро гузорем, - гуфт ӯ.
-Ҳамдамзода Хурсандро аз даврони донишҷӯияш хуб мешиносам, - мегӯяд Сангимурод Шарифов, яке аз ҳамкорони ӯ, мудири кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва афзуд, ки вай дар донишгоҳ бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, пайваста дар маҳфилу мизҳои мудаввар, конфронсу нишастҳои илмӣ фаъолона ширкат меварзид.
–Дилбастагӣ ба касби омӯзгорӣ ӯро дар ин ҷода муваффақ намуд. Таҳти роҳбариву роҳнамоии мавсуф сатҳу сифати таҳсилот ва дониши донишҷӯён боло рафта, машғулиятҳои таълимии устодон бо усулҳои муосир баргузор мегардад,- қайд кард Сангимурод Шарифов.
Шиоре фармудааст, ки:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Оре, маҳз илму дониш, хоксориву фурутанӣ ва ҷаҳонбинии густурда ба ҳам ёр шудаву Хурсанд Ҳамдамзодаро дар ҷомеа соҳибэҳтиром кардааст. Вақте мавод ба чоп омода мешуд, аз Донишогҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иттилоъ доданд, ки Хурсанд Ҳамдамзода унвони дотсентиро соҳиб гардидааст.
Ба ин ҷавони донишманд ва серталошу чашмикордон дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгорӣ барору муваффақият орзумандем.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР 11:06МАҲБУБИ КӮДАКОН 10:482025 – СОЛИ ФАТҲИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ДАР ХАТЛОН 10:39ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026 10:29ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 10:34Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад 14:36ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД 14:11Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд 15:13
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026
«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР»
Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд
ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД
Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад
ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ
МАҲБУБИ КӮДАКОН
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР
2025 – СОЛИ ФАТҲИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ДАР ХАТЛОН



