Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ниқобҳои хонагӣ
Аксарияти маҳсулотро на танҳо истеъмол кардан мумкин аст, балки онро ҳамчун ғизо барои пӯсти рӯй истифода кардан мумкин аст. Ниқобҳои хонагӣ аз сметана, қаймоқу асал ва тухм ҳамеша дастрасанд. Истифодаи пайвастаи ин маҳсулот пўсти рўйро нам, ботароват ва зебо мегардонад.
Ниқоб аз сметана
Ҳар шаб пеш аз хоб ба рўятон каме сметана молида, баъди 20 дақиқа шуед. Лактобактерияҳои таркиби сметана қабати муҳофизатии пўстро солим мегардонад. Баъди истифодаи сметана пўсти рўятон мулоиму ҳамвор мешавад.

Ниқоб аз асал
Маҳсулоти дигаре, ки пўсти рўйро зебо мегардонад, асал аст. Дар хусуси манфиатбахшии асал ҳама маълумот доранд. Ниқоб аз асал хеле соддаву осон аст, онро ба рўятон мемолед, халос. Пўсти рў баъди чунин ниқоб ботароват, мулоиму ҳамвор ва ожангҳо ҳамвор мегарданд.
Ба асал метавонед чанд қатра шарбати лимӯ, ҷурғот, тухм илова кунед.
Ниқоб аз тухм
Тухмро метавонед, ба сифати маводи ғизодиҳнда истифода кунед. Сметана, творог ва зардии тухмро омехта карда, ба рўй молед. Баъди 20 дакиқа бо оби ширгарм шуед. Ин никоб барои пўсти рўи хушк тавсия дода мешавад. Чунин ниқоб пўсти рўйро ғизо дода, нам мекунад, шахшулии пўстро гирифта, мулоиму ҳамвор мекунад.
Сафедии тухм барои пўсти рўйи равғанин мусоид буда, онро чандир мекунад. Агар ба сафедии тухм чанд қатра шарбати лимў илова кунед, манфиати он бештар хоҳад шуд, ранги рўй равшантар ва ботароват мегардад.
Ҳамчунин метавонед ба ниқобҳо мева илова намоед (агар ҳассосият надошта бошед). Меваҳо манбаи моддаҳои фоидабахш буда, пўстро ба витаминҳо таъмин менамоянд.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо




