Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
61 КУДАКИ ИМКОНИЯТИ МАҲДУД ДОШТА СОҲИБИ АРОБАЧА ГАШТ
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон дар театри мусиқи-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар кори он муовини раиси вилоят, намояндаи шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва кудакони имконияташон маҳдуди шаҳри Левакант, навоҳии Вахшу Кӯшониён ширкат варзиданд.

Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон кори ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, кудакони имконияташон маҳдудро ба Рӯзи ҳифзи кудакон шодбош, меҳмонону аъзоёни созмонҳои ҷамъиятиро барои ташриф овардан ба шаҳри Бохтар хайру мақдам гуфт.

Баъдан Рандхир Сингх, директори Миссияи Шарқ дар Тоҷикистон оид ба амалишавии барномаю дар доираи он дастгири ёфтани беш аз 600 кудаки имконияти маҳдуд доштаи ҳудуди вилоят сухан кард.
Ба иттилои ӯ, онҳо ният доранд дар Хатлон ин барномаро муддати тулонӣ идома дода, ба кудакони имконияташон маҳдуд дасти кумак расонанд.
Дар ин рӯз аз тарафи барномаҳои зерҳадаф ё худ созмонҳои ҷамъиятӣ, ба 61 кудаки имконияти маҳдуд дошта, арробачаҳои маъюбӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар ҷамъбаст баҳри фароғату хушҳолии кудакони имконияташон маҳдуд барномаи рангини театркунонидашудаи аҳли ҳунар пешкаш гардид. Кудакону волидайни онҳо то дер дар фазои идона, хушу хурсандӣ намуданд.
Н. ИСО
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



