Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Ҳамдиёрони азиз!
Боиси ифтихору сарбаландист, ки имрӯз ҷашни бостонии Наврӯзи оламафрӯзро дар фазои сулҳу субот, оромию осоиштагии диёр, бо рӯҳияи баланди идона таҷлил намуда, онро чун ҷашни зиндагиву рӯшноӣ, некиву накӯкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ, ободониву созандагӣ азизу гиромӣ медорем.
Фарорасии ҷашни суннатии ниёгонамон – Наврӯзи ҳумоюнқадамро, ки дар замири худ ҷавҳари некӣ, саховат, бахшишу меҳрубонӣ, покизагии рӯҳонию ҷисмонӣ ва созандагию бунёдкориро дорад, ба кулли сокинони шарафманди вилояти Хатлон самимона шодбошу таҳният мегӯям.
Наврӯз ҷашни эҳёи табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳост ва ҳамин хусусияти волояш боис гаштааст, ки манзалати худро то замони мо ҳифз намояд. Басо фараҳбахшу шодиовар аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ касб намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун иди баҳору зебоӣ, ваҳдату баҳамоӣ, дӯстиву рафоқат таҷлил мегардад.
Мо аз он ифтихорманду сарфарозем, ки Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст ва мардуми шарифи вилояти Хатлон бо ҳисси меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба фарҳангу суннатҳои ниёгон ойинҳои наврӯзиро пос дошта, ин ҷашни аҷдодиро бо шаҳомату нишоту сурур таҷлил менамоянд.
Ҳақ ба ҷониби аст, ки фармудаанд: “ҷашни Наврӯз барои тоҷикон - меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ, аз қадим то имрӯз падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад”.
Наврӯз аз азал бо ғояҳои олии башардӯстона – ваҳдату ҳамдилӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро муттаҳид мекунад. Ҳамин ғояи олӣ, яъне раванди корҳои ободониву созандагӣ, имрӯзҳо бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат дар саросари вилояти Хатлон вусъати тоза пайдо кардааст.
Рамзист, ки бо фарорасии Наврӯз имсол бори аввал бо ибтикори беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари фарзонаи он, 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ҷашн гирифта мешавад. Ин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки обу сарватҳои дигари табиӣ гардида, эътибори байналмилалии кишвари маҳбуби моро афзун кардааст.
Мардуми ободгари тоҷик бо муносибати ғамхоронаи худ ба табиат, шинонидани гулу дарахтон, ҳифзи ҷангалзорҳо, истифодаи самарабахши захираҳои обӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист дар маъракаи пешгирӣ аз пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо намунаи ибрати ҷаҳониён мебошанд.
Ободкорию хуррамгардонӣ аз суннатҳои деринаи наврӯзист, ки то имрӯз дар диёри мо ин анъана роиҷ аст. Дар доираи омодагӣ ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтани даҳҳо иншооти таъиноти гуногун, аз қабили муассисаҳои таълимию тиббӣ, толору майдонҳои варзишӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатию истеҳсолӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, боғҳои интенсивӣ, биноҳои маишиву хизматрасонӣ ва хонаҳои истиқоматии баландошёна натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми диёрамон мебошад. Ин ҳама нишонаи возеҳи ободӣ, рушд ва торафт беҳтар шудани шароити зиндагии сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад.
Итминони комил дорам, ки сокинони Хатлонзамин ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи муосир минбаъд низ бо арҷгузорӣ ба суннатҳои наврӯзӣ, бахусус, дар самти ободонии шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва маҳалли зист, тозаву озода кардани кӯчаву манзил, дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, таъмиру бунёди роҳҳо, шабакаҳои обрасонӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, инчунин, сарсабзу хуррамгардонии диёрамон саҳми худро мегузоранд.
Деҳқонони асилу шуҳратманди вилояти Хатлон хуб медонанд, ки табиат барои мо ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла замини ҳосилхез, оби фаровон ва рӯзҳои зиёди офтобиро муҳайё кардааст.
Онҳо аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ самаранок истифода бурда, ба киштукори баҳорӣ ва коштани донаи умед, ки файзу баракати хони наврӯзии мардумамон мебошад, оғоз кардаанд.
Аминам, ки кишоварзони меҳнатқарини Хатлонзамин бо заҳмати пурмаҳсули худ барои ба даст овардани ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ заминаи устувор хоҳанд гузошт.
Бо таманнои он ки Наврӯзи имсола хуҷастапай бошад ва барои мардуми кишварамон файзу баракат орад, бори дигар, тамоми сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз сидқан муборакбод гуфта, сиҳатмандии бардавом, рӯзгори ободу осуда, сарсабзиву пирӯзиҳои навин ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона, пешрафту дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Наврӯзи ҷаҳонафрӯз ҳумоюн бод, ҳамватанони азиз!
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
ДАР ШАШ МОҲ 18 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУДААСТ
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БУНЁДИ 21 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАШ МОҲ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ҚИССАИ ЯК ЗИНДАГИИ СОДИҚОНА
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»