Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Субъектҳои хоҷагидорӣ санҷида шуданд
Аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон давоми соли сипаригардида 514 субъектҳои хоҷагидории ҳудуди вилоят мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Ҳамза Бобозода, сардори Раёсати болозикр зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора маълумот дода гуфт, ки аз санҷишҳои гузаронидашуда, 461 санҷиш ба масъалаҳои меҳнат, 41 санҷиш ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 5 санҷиш ба масъалаи муҳоҷират ва 7 санҷиши дигар ба масъалаи шуғли аҳолӣ рост меояд.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи санҷишҳои анҷомёфта 1999 ҳолати қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуд, ки аз ин шумора 1855 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 102 ҳолат дар самти экспертизаи давлатии шароити меҳнат, 23 ҳолат дар самти муҳоҷират ва 19 ҳолат ба самти шуғли аҳолӣ иртибот доранд. Дар натиҷа бо дахолати Раёсат 8 миллиону 816 ҳазору 231 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва шаҳрвандон пардохт карда шуд.
Инчунин барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, соли гузашта ба 87 нафар корфармоён дар ҳаҷми 113 ҳазору 152 сомонӣ ҷарима таъйин карда шудааст.
-Соли гузашта дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди вилоят 14 ҳолати ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа ба маблағи 242 ҳазору 904 сомонӣ ҷуброни яквақта ва кумакпулӣ пардохт карда шудааст,- гуфт Ҳамза Бобозода.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


