Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Хатлон: Таҷлили ҷашнҳои таърихии миллат
Санаи 16-уми ноябри соли 2022 дар маркази вилоят шаҳри Бохтар чорабинии идона бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент баргузор гардид.Маросими идона бахшида ба ҷашнҳои фархундаи миллӣ аз раҳпаймоии осоишта оғоз шуда, дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, донишҷӯёни муассисаҳои оливу миёнаи касбӣ, наврасону ҷавонон ва кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳри Бохтар иштирок доштанд.
Меҳмонону иштирокчиёни чорабинии идона бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент бо шиору овезаҳои тараннумгари моҳияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз майдони марказӣ то Қасри фарҳанги шаҳр роҳпаймоӣ карданд.
Сипас, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва дигар меҳмонон аз намоиши “Асарҳои мондагори Пешвои муаззами миллат” дидан намуданд. Дар ин рӯз ҳамчунин варзишгарони вилоят дастовардҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардаи худро ба намоиш гузошта буданд.Зикр гардид, ки кормандони ВАО дар баробари дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз ҷиҳати инъикоси нақши таърихии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳияти таҷлили ҷашнҳои таърихии кишвар, аз ҷумла Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми пешоҳангӣ доранд.
Дар идома ҷорабинӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳамсуҳбат гардида, истеъдодҳои ҷавонро бо маблағ ва Ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.
Қурбон Ҳакимзода меҳмонону иштирокчиён ва сокинони кишварро ба ҷашнҳои фархундаи 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент табрик намуда, аз аҳамияти бузурги ин санаҳои тақдирсоз ва хизматҳои беназири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.
Дар охир барномаи фарҳангӣ пешниҳоди аҳли толор гардид.
Далер ШАРИФОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


