Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ СОҲИБКОРОН ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ
Ҳамасола 14-уми октябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи соҳибкорон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки соҳибкорони ноҳия чорабинии идона доир шуд.
Нахуст, раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон кулли соҳибкорони ноҳияро ба ин рӯз табрику таҳният гуфта, зикр дошт, ки соҳибкорӣ заҳмати зиёд, масъулият, маҳорат ва истеъдоди баландро талаб менамояд.
Имруз соҳибкорӣ омили муҳими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардида, барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа нақшҳои асосиро мебозад.
Бо ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонии босифат, саҳми соҳибкорон дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ободонии ватани азизамон назаррас мебошад.
Боиси қайд аст, ки имрӯз саҳми соҳибкорони ноҳияи Дӯстӣ низ дар рушди ноҳия хуб ба мушоҳида мерасад. Маҳз бо саҳми соҳибкорон якчанд иншооти ҳаётан муҳим, коргоњҳои гуногун сохта ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо сокинони зиёд ба ҷой кор таъмин шуданд.
Дар ин рӯз аз ҷониби раиси ноҳияи Дӯстӣ барои фаъолияти пурсамар ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, дастгирӣ намудани табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, бештар саҳмгузорӣ намудан дар корҳои ободонию созандагӣ, ва кабудизоркунӣ дар ноҳия бахшида ба Рӯзи соҳибкорон як қатор соҳибкорон бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир барномаи фарҳангии аҳли ҳунару санъати ноҳия пешниҳоди соҳибкорон карда шуд.
Далер Шарифов
Нахуст, раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон кулли соҳибкорони ноҳияро ба ин рӯз табрику таҳният гуфта, зикр дошт, ки соҳибкорӣ заҳмати зиёд, масъулият, маҳорат ва истеъдоди баландро талаб менамояд.
Имруз соҳибкорӣ омили муҳими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардида, барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа нақшҳои асосиро мебозад.
Бо ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонии босифат, саҳми соҳибкорон дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ободонии ватани азизамон назаррас мебошад.Боиси қайд аст, ки имрӯз саҳми соҳибкорони ноҳияи Дӯстӣ низ дар рушди ноҳия хуб ба мушоҳида мерасад. Маҳз бо саҳми соҳибкорон якчанд иншооти ҳаётан муҳим, коргоњҳои гуногун сохта ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо сокинони зиёд ба ҷой кор таъмин шуданд.
Дар ин рӯз аз ҷониби раиси ноҳияи Дӯстӣ барои фаъолияти пурсамар ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, дастгирӣ намудани табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, бештар саҳмгузорӣ намудан дар корҳои ободонию созандагӣ, ва кабудизоркунӣ дар ноҳия бахшида ба Рӯзи соҳибкорон як қатор соҳибкорон бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ сарфароз гардонида шуданд.Дар охир барномаи фарҳангии аҳли ҳунару санъати ноҳия пешниҳоди соҳибкорон карда шуд.
Далер Шарифов
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


