Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХИЗМАТИ МОДАР- ВАТАНРО АЗ ДИЛУ ҶОН МЕКУНЕМ
БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ШАҲРИ КӮЛОБ
Имрӯз 1-уми октябри соли равон дар Комисариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб маросими ботантанаи гусели тирамоҳии ҷавонони даъватшаванда ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр, кормандони комиссарияти ҳарбӣ, волидайни даъватшавандагон вадигар шахосони касбу кори гуногун иштирок доштанд.
Нахуст раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: “Хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми аждодӣ барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам қарз ва ҳам фарз аст”.
Зикр гардид, ки имрӯз ҳар як сокини шаҳри Кӯлоб бо чунин ҷавонони бонангу номуси диёр, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда истодаанд, сидқан ифтихор мекунанд.
Ҳоло Қувваҳои мусаллаҳ ба як сутуни муқтадири ҳимояи марзу бум ва тамомияти арзии кишвар табдил ёфтаанд. Давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар шахсияти афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ муҳофизони боэътимоди Ватанро мебинанд ва ба онҳо ифтихор доранд.
Гуфта шуд, ки таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа яке аз муҳимтарин вазифаҳои давлату ҳукумат ба шумор рафта, вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.
Бо изҳори миннатдорӣ ба волидайни ҷавонони даъватшаванда, ки ихтиёран ба сафи артиши миллӣ пайвастаанд, раиси шаҳр ба ҳамаи онҳо ба ин рӯзи пуршараф табрику муборакбод намуда, ба наваскарон саломатӣ, хушбахтӣ ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан саодату комёбӣ ва барору музаффарият таманно намуд.
Ҳамчунин, як қатор волидайни даъватшавандагон ва ҷавононе, ки ба ихтиёран ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд, баромад карда миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон баён намуданд.
Баъдан маросими мардумии “Нонгазон” аз ҷониби модарони даъватшудагон баргузор гардид.
Дар қисмати охир Рӯзи даъватшаванда ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб барномаи ҷолиби консертии омоданамудаи хешро пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Далер Шарифов.
Имрӯз 1-уми октябри соли равон дар Комисариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб маросими ботантанаи гусели тирамоҳии ҷавонони даъватшаванда ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр, кормандони комиссарияти ҳарбӣ, волидайни даъватшавандагон вадигар шахосони касбу кори гуногун иштирок доштанд.Нахуст раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: “Хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми аждодӣ барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам қарз ва ҳам фарз аст”.
Зикр гардид, ки имрӯз ҳар як сокини шаҳри Кӯлоб бо чунин ҷавонони бонангу номуси диёр, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда истодаанд, сидқан ифтихор мекунанд.
Ҳоло Қувваҳои мусаллаҳ ба як сутуни муқтадири ҳимояи марзу бум ва тамомияти арзии кишвар табдил ёфтаанд. Давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар шахсияти афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ муҳофизони боэътимоди Ватанро мебинанд ва ба онҳо ифтихор доранд.
Гуфта шуд, ки таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа яке аз муҳимтарин вазифаҳои давлату ҳукумат ба шумор рафта, вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.Бо изҳори миннатдорӣ ба волидайни ҷавонони даъватшаванда, ки ихтиёран ба сафи артиши миллӣ пайвастаанд, раиси шаҳр ба ҳамаи онҳо ба ин рӯзи пуршараф табрику муборакбод намуда, ба наваскарон саломатӣ, хушбахтӣ ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан саодату комёбӣ ва барору музаффарият таманно намуд.
Ҳамчунин, як қатор волидайни даъватшавандагон ва ҷавононе, ки ба ихтиёран ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд, баромад карда миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон баён намуданд.
Баъдан маросими мардумии “Нонгазон” аз ҷониби модарони даъватшудагон баргузор гардид.
Дар қисмати охир Рӯзи даъватшаванда ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб барномаи ҷолиби консертии омоданамудаи хешро пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Далер Шарифов.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


