Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХАТЛОН: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАБИБОН
Қабл аз оғози чорабинии тантанавӣ меҳмонон аз намоиши маҳсулоти соҳаи тиб, гиёҳҳои шифобахш, ки ба намоиш гузошта шуд буд, дидан намуданд. Масъулони намоиш оид ба манфиат ва шифобахшии гиёҳҳо ва дигар маҳсулоти ба намоиш гузошташуда иттилоъ доданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар баромади худ изҳор дошт, ки мояи сарфарозию ифтихормандист, ки тандурустӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри ҳифзи сиҳатии омма ва рушди соҳа тадбирҳои ҳадафманд амалӣ гардида истодаанд.
Гуфта шуд, ки бо назардошти муҳимияти соҳа ва ба хотири нигоҳдошти сиҳатии омма кишвари мо шурӯъ аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ бо сарварии фарзонафарзанди оқилу дурандеш ба эъмори давлати иҷтимоиву раиятпарвар, ки манфиати инсон, нигаҳдории солимии ӯ ва беҳсозии вазъи иҷтимоиаш аз арзишҳои воло эътироф ва эълон гардид, замина гузошта, бо тадбирҳои дурандешона сол то сол ба дастовардҳои назаррасу пураҳамият комгор шуда истодааст.
Бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намудани Рӯзи касбии табибон бори дигар қадршиносӣ ва арҷгузории Давлат ва мардум ба заҳматҳои шабонарӯзии шумо мебошад. Қайд карда шуд, ки табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз дорад. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандон ба табибон ҳамчун наҷотбахшандагони ҷони хеш бо ихлос ва боварии том ва умедворона муроҷиат менамоянд.
Дар воқеъ, касби табиб яке аз пешаҳои муҳимтарин ба шумор меравад, ки дар таърихи илмҳои гуманитарии башарият мақом ва мартабаи хос дорад. Табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз дорад. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандон ба табибон ҳамчун наҷотбахшандагони ҷони хеш бо ихлос ва боварии том ва умедворона муроҷиат менамоянд.
Дар идомаи баромади хеш раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Қурбон Ҳакимзода таъкид доштанд, ки таваҷҷуҳ ва эҳтироми Пешвои муаззами миллат ба рушди кори соҳа ва қадрдонӣ намудани хизматҳои шоёни намояндагони соҳаи тандурустӣ исботи он аст, ки назару мавқеи Давлату Ҳукумат ба шумо, табибони ҳозиқу таскиндиҳандагони дарди мардум, неку дилсӯзона мебошад.
“Табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд. Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд” - иброз доштаанд Пешвои миллат.
Ин нуктаҳоро худи Сино низ таъкид доштааст: “Табибу бемор барои ҳосил кардани тафоҳуми комил ниёзманди як забони муштараки бисёр буррои тиббӣ мебошанд, то бо ёрии он табиб донишу маҳорат ва бемор дарди худро ба хубӣ ба якдигар муҳокима карда тавонанд”.
Зикр гашт, ки мо, ҳамагон дар мубориза ба бемории COVID-19 аз ҷасорату сарсупурдагии шумо, табибони ҳозиқ ва пайравони воқеии Синои бузург ва ба савганди Ҳипократи ҳаким содиқ ифтихор мекунем ва сарбаландем.
Дар қисмати дигари ҷамъомад кормандони хизматнишондода, арзанда ва фаъолони соҳаи тибби шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо Диплом, ифтихорнома, мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонї карда шуданд.
Дар охир барномаи фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин карда шуд.
Далер Шарифов.
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


