Бойгонӣ

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Мояи сарфарозию ифтихормандист, ки тандурустӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри ҳифзи сиҳатии омма ва рушди кори соҳа тадбирҳои ҳадафманд амалӣ гардида истодаанд.
Қобили қайд аст, ки бо назардошти муҳимияти соҳа ва ба хотири нигоҳдошти сиҳатии омма кишвари мо шурӯъ аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ бо сарварии фарзонафарзанди оқилу дурандеш ба эъмори давлати иҷтимоиву раиятпарвар, ки манфиати инсон, нигаҳдории солимии ӯ ва беҳсозии вазъи иҷтимоиаш аз арзишҳои воло эътироф ва эълон гардид, замина гузошта, бо тадбирҳои дурандешона сол то сол ба дастовардҳои назаррасу пураҳамият комгор шуда истодааст.
Бо шукуҳу шаҳомат таҷлил намудани Рӯзи касбии табибон бори дигар қадршиносӣ ва арҷгузории Давлат ва  мардум ба заҳматҳои шабонарӯзии Шумо мебошад.

Табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз дорад. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандон ба табибон ҳамчун наҷотбахшандагони ҷони хеш бо ихлос ва боварии том ва умедворона муроҷиат менамоянд. 
Дар воқеъ, касби табиб яке аз пешаҳои муҳимтарин ба шумор меравад, ки дар таърихи илмҳои гуманитарии башарият мақом ва мартабаи хос дорад. Табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз дорад. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандон ба табибон ҳамчун наҷотбахшандагони ҷони хеш бо ихлос ва боварии том ва умедворона муроҷиат менамоянд.

Ҳамчунин таваҷҷуҳ ва эҳтироми Пешвои муаззами миллат нисбати рушди кори соҳа ва қадрдонӣ намудани хизматҳои шоёни намояндагони соҳаи тандурустӣ исботи он аст, ки назару мавқеи давлату ҳукумат ба Шумо, табибони ҳозиқу таскиндиҳандагони дарди мардум, неку дилсӯзона мебошад. 

“Табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд. Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд” - иброз доштаанд Пешвои миллат.

Ин нуктаҳоро худи Сино низ таъкид доштааст: “Табибу бемор барои ҳосил кардани тафоҳуми комил ниёзманди як забони муштараки бисёр буррои тиббӣ мебошанд, то бо ёрии он табиб донишу маҳорат ва бемор дарди худро ба хубӣ ба якдигар муҳокима карда тавонанд”.
  
Табибони гиромӣ!
Мо, ҳамагон, дар мубориза ба бемории COVID-19 аз ҷасорату сарсупурдагии Шумо, табибони ҳозиқ ва пайравони воқеии Синои бузург  ва ба савганди Ҳипократи ҳаким содиқ ифтихорманд ва сарбаландем. Ин давра барои тамоми кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқати муассисаҳои тандурустии вилоят дар ҳақиқат давраи дар амал татбиқ намудани донишу таҷриба ва исботи касбият, давраи бениҳоят вазнини мубориза на танҳо барои ҳаёти дигарон, балки талошҳо барои ҳаёти худ ва дар чунин айёми мушкил дар хизмати миллати худ будан гардид ва аз ҳама муҳим давраи баланд бардоштани мақому мавқеи табибон дар ҷомеа ба шумор меравад.
 
Дар партави таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат ба вилояти Хатлон, бахусус, соҳаи тандурустии он, баҳри ҳавасмандсозӣ ва дастгирии кормандони соҳаи тиб мо як қатор озмунҳо, аз ҷумла Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон – “Вориси Сино”, озмуни вилоятии «Беҳтарин  муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят», ки барои ҳар як номинатсия 5000 сомонӣ  муқаррар карда шуда, ҳамчунин дар самти тадқиқотҳои соҳавӣ низ қадршиносӣ барои ҳимояи рисолаи докторӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва номзади илм ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида, ҳамасола ғолибон дар вазъияти тантанавӣ ба ин ҷоизаву дастгириҳо сарфароз гардонида мешаванд. Масъалаи дастгириҳои иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳамасола баланд бардоштани музди маош, маблағгузории умумии соҳа, нишонаи таваҷҷуҳи баланди Роҳбарияти олии сиёсии кишвар ба ин соҳаи муҳим мебошад.
  
Ҳозирини гиромӣ!
Замони муосир дар қатори дигар соҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ низ низоми нави муносибатҳоро тақозо мекунад. Махсусан ба вуҷуд омадани моликияти хусусӣ рақобатҳоро дар ҳама самтҳо бештар карда, барои баландбардории савияи малакаву ихтисоси кормандон, бахусус намояндагони соҳаҳои хизматрасонӣ, талаботи ҷиддӣ пеш мегузорад. 

Соҳибкорони бонангу номус ва шахсони эҳсонкор феълан дар ҳудуди вилоят 165 адад муассисаҳои тиббии хусусиро бо истифода аз таҷҳизотҳои муосир дар хизмати мардум қарор доранд, ки бо истифода аз ин фурсат ба онҳо сипоси бепоён изҳор мекунам. 

Ҳамчунин омода намудани кадрҳои ихтисосманди соҳа ва кормандони миёнаи тиб дар вилоят дар баробари коллеҷҳои тиббии давлатӣ инчунин, 13 коллеҷҳои тиббии хусусӣ ташкил гардидааст, ки барои коҳиш додани норасоии кадрӣ нақши муҳим доранд.

Баҳри солимии ҷомеа ва таъмини шароити мусоиди корӣ дар соҳаи
тандурустӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Халон ба табибон такя намуда, ба хизматҳои шоиста ва беназири онҳо арҷ мегузорад. Боварӣ дорем, ки  Шумо, табибони вилояти Хатлон, ҳамчун ворисони арзандаи Сино бо истифода аз мероси гаронбаҳои  ин шахсияти барҷастаи тибби ҷаҳонӣ фаъолияти худро ба таври густурда роҳандозӣ намуда, бо дарки масъулияти баланди касбӣ, инсондӯстию ватанпарастӣ, барои ҳарчӣ беҳтар гардидани тансиҳатию некӯаҳволии мардум саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Итминони комил дорем, ки кормандони соҳаи тандурустии вилоят баҳри иҷрои вазифаҳои дар пеш истодаи худ, иҷрои саривақтии қонунгузории соҳавӣ ва ташкили самарабахши хизматрасонии тиббӣ бо масъулияти баланд кору фаъолият намуда, бо сарбаландӣ ва дастовардҳои беназир ҷашни бузурги миллӣ 31- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30–солагии Иҷлосияи XVI – Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегиранд. Дар охир ҳамаи шумо, табибони гиромӣ, ҳамшираҳои азизи соҳаи тандурустии вилоятро ба муносибати Иди касбиатон самимона муборакбод гуфта, ба Шумо тансиҳатӣ ва дар роҳи амалӣ намудани фаъолияти пурмасъулияти нигаҳдории сиҳатии омма бароятон музаффариятҳоро таманно мекунам.

Идатон муборак, ворисони Синои бузург!
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019