Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дар Вахш 150 иншоот бунёд мешавад
Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Вахш бунёди 150 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Тавре раиси ноҳияи болозикр Қурбоналӣ Юсуфов зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, аллакай дар давоми шаш моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ 5 адад аз ин иншоот бо ташкили 25 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шудааст.
Инчунин дар 48 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ оғоз ёфта, сохтмони онҳо бо маром идома доранд.
Гуфта шуд, ки дар бунёду сохтмони иншооти мавриди назар саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас буда, бо иқдому ташаббуси онҳо дар ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ хуб ҷараён доранд.
Аз ҷумла, бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Юсуфзода Бароталӣ корхонаи нассоҷӣ бунёд шуда истодааст, ки арзиши лоиҳавии он беш аз 10 миллион сомониро дар бар мегирад. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин корхонаи калони саноатӣ беш аз 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Қурбоналӣ Юсуфов дар идома афзуд, ки дар ноҳия бунёди Коллеҷи аграрӣ бомаром идома дорад, ки маблағи сохтмон беш аз 48 миллион сомонӣ мебошад.
Дар қисмати баъдӣ рӯзноманигорон бо саволҳои гуногун ба раиси ноҳия муроҷиат карда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



