Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Тарзи дурусти консервакунӣ
Ҳангоми консерва кардан дар шароити хона ҳатман ба коркарду омода кардани маҳсулоти он ба қоидаҳои беҳдоштӣ риоя бояд кард. Чӣ бояд кард, ки микроорганизмҳо, яъне микробҳои зарарнок «меҳмон» нагарданду маҳсулоти дар банкаҳо консервакардаамон вайрон нашаванд?
Барои ин банкаҳои ягон ҷояш ношикастаю беҷағро пешакӣ санҷида гирифтанатон хеле муҳим аст. Хусусан, бояд дохили банкаҳо ва гарданаки онҳоро хеле бодиққат аз назар гузаронед, ки ҷойи кафидагӣ ё ҷағидагӣ надошта бошанд. Сарпӯшакҳо ҳамагӣ бояд наву босифат ва ягон маротиба истифоданашуда бошанд. Асбоби банкамаҳкамкунӣ низ бояд босифат бошад. Банкаҳоро пешакӣ бо оби ҷӯш шуста, ҳатман стерилизатсия намоед. Сарпӯшакҳоро низ пешакӣ ба зарф андохта, сипас аз болояш оби ҷӯшомадаро резед.
Банкаҳои маҳкамшударо сарозер, яъне чаппа карда монед. Болои банкаҳоро бо рӯйпӯши пашмӣ ё пахтагӣ пӯшонед. Ин барои он аст, ки банкаҳо оҳиста-оҳиста хунук шаванд ва аз ҳисоби гармӣ бештар будан хуб стерилизатсия шаванд. Баъди 12-16 соат рӯпӯшҳоро метавонед аз болои банкаҳо гиред ва муддати дигаре гузоред, ки ҳарораташон баробари ба гармии хона, яъне 18-20 градус шавад, сипас онҳоро ба ҷойи салқин монед.
Агар шумо дар шароити хона ин қоидаҳоро дуруст риоя намоед, сарпӯши банкаҳои консерва кардаатон «дам намекунанд», «намепаранд» ва маҳсулот то зимистон хушсифат боқӣ мемонад. Маҳсулоти банкаҳое, ки обашон хира гаштаанд ва ё сарпўшашон дам кардаанд, истеъмол накунед. Барои пешгирӣ аз ботулизм (заҳролудшавӣ) ба қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намоед, то сиҳату саломат бошед.
Таҳияи Зарнигор С.
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



