РОҲИ ПУРШАРАФИ РОДМАРДОН

   Ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик рӯзноманигори маҷаллаи «Сафо» бо Искандар Солеҳзода, генерал - лейтинанти милитсия, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон мусоҳибае орост, ки фишурдаи онро манзури Шумо мегардонем.

    - Пеш ҳам ҳама Шумо ва ҳайъати шахсиро ба муносибати ҷашни касбиатон - Рӯзи милитсияи тоҷик табрик менамоем. 

- Ташаккур!


- Лутфан мехостем, ки суҳбатро аз таърихи таъсиси Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва роҳи тайкардаи кормандони милитсия оғоз менамудед.

- Кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон, дар давоми  солҳои фаъолияти худ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ баромада, баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва оромиву осоиштагии мардум саҳми назаррас доранд. Бо ҳукми сарнавишт соли 1992 вилояти Қӯрғонтеппа ва бахусус Вахшонзамин ба маркази талошу кашмакашиҳои сиёсӣ ва даргириҳои хунин табдил ёфт. Алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ аз водии Вахш паҳн гашта, сипас дигар манотиқи кишварро фаро гирифт. Хатлон, ки он солҳо ба саҳнаи амалиётҳои хунини ҳарбӣ табдил ёфта буд, аз ҳама бештар зарар дид. Дар ҳамон айём кормандони ҳифзи тартиботи шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз нахустин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ баҳри ҳимояи қонун ва ҳифзи тинҷиву осудагии аҳолӣ талошу ҷонбозиҳо намуданд. Ин гуфтаҳоро канда шудани риштаи ҳаёти беш аз 300 нафар кормандони милитсия  ва ҷароҳат бардоштани зиёда аз 100 нафар аз афсарон исбот мекунад. 

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бисёр биноҳои шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо ҳадафи ҳамлаҳои ғоратгаронаи гурӯҳҳои силоҳбадаст қарор гирифтанд. Аз ҷумла, шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Қӯрғонтеппа, Панҷ, Қумсангир, Шаҳритус, Ҷиликӯл, Сарбанду Ғозималик, Ёвону Норак таллаю тороҷ ва баъзеи онҳо пурра сӯзонида шуданд.

Баробари фаро расидани шароити мусоид тамоми қувваю имкониятро баҳри аз дилҳо берун сохтани кинаву кидурат ва бо ҳам овардану муттаҳид сохтани мардуми кулфатзада равона карда, ҳарчи бештару самараноктар неруҳои ақлониву иқтисодии ин сарзаминро барои бартараф сохтани оқибатҳои фалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ сафарбар кардан зарур буд. 

Дар як муддати кӯтоҳ ба мо муяссар гашт, ки бо роҳбарии Пешвои миллат ин ҳама вайронию бенизомиҳоро бартараф намуда, кори мақомоти милитсияро дуруст ба роҳ монем. Бо назардошти вазъи криминалии ҷумҳурӣ ва бо мақсади барҳам задани ҳадафҳои душманонаи гуруҳҳои ғайриқонунии силоҳдор, зарурати таъсиси чунин ниҳоде ба миён омад, ки мебоист бо аъзоёни саропо мусаллаҳ ва таҷрибадоштаи ин дастаҳои роҳзану ғоратгар муборизаи беамон мебурд.

Бо ин мақсад моҳи декабри соли 1995 дар асоси базаи баталёни таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дастаи таъйиноти махсуси милитсияи вилояти Хатлон таъсис дода шуд ва аз рӯзҳои аввали фаъолият онҳо ба безараргардонии гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша сафарбар карда шуданд. Бо мақсади самаранокии фаъолият ва анҷоми амалиёти бобарор ба даста кормандони чустучолок, рӯҳану ҷисман обутобёфта ва далеру шуҷоъ ба кор гирифта мешуданд.

 Як нуктаро бояд таъкид намуд, ки агар ҷонбозиҳои намояндагони мақомоти ҳифзи тартиботи ин минтақа намебуд, шояд қатлу куштор ва хисорот аз ин ҳам бештар мегардид. Аз тарафи дигар, ҳарчанд Хатлонзамин маркази даргириҳои хунин гашт, родмардони мақомоти ҳифзи тартиботи он дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва дар амал татбиқ намудани кӯшишҳои пайгиронаю сулҳҷӯёнаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бештаре доштанд. Дар ин давра милитсияи вилояти Хатлон аз уҳдаи вазифаҳои худ бо сарбаландӣ баромада, эътимоди мардумро ба даст овард.


- Мусаллам аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар баробари рушди ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу тартибот низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Мегуфтед, ки дар ин давра кормандон ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии вилоят дар иҷрои рисолати касбии хеш ба чӣ дастовардҳо ноил гардиданд?

- Аз нигоҳи таърих, дар як давраи кӯтоҳ мақомоти корҳои дохилӣ ҷараёни ислоҳоти навро аз сар гузаронида, дар кори мубориза бо ҷинояткории муташаккил, терроризм, хариду фурӯши маводҳои нашъаовар, мубориза бо ифротгарони диниву сиёсӣ таҷрибаи кофӣ омӯхт. Дар ин маврид, кишвар ва халқу миллат хизмату заҳматҳои шабонарӯзии собиқадорону кормандони мақомотро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Зеро онҳо умри худро сарфи ин касби пурифтихор намуда, беҳтарин суннатҳои волои ватандӯстӣ ва садоқат ба касбу Савгандро ба насли имрӯзи мақомот боқӣ гузоштаанд. 

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи моддию техникӣ ва шароити кору зиндагии кормандони мақомоти ВКД дар вилояти Хатлон сол то сол хубтару беҳтар гардида истодааст. Ҳамчунин дар ин давра дар аксари шаҳру ноҳияҳо шуъба ва зерсохторҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ таъмиру таҷдид гардида, як қатор иншооти наву замонавӣ низ сохта ба истифода дода шуданд.


- Имрӯз мақомоти корҳои дохилии кишвар дар раванди ислоҳоти хеш қарор дорад. Ҳадаф аз ин ислоҳот дар чист? Ва ё татбиқи амалии Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 дар вилояти Хатлон  чӣ гуна ҷараён дорад? 

- Ҳадаф аз татбиқи ислоҳоти милитсия ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад. 

Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо ҷиҳати ислоҳот ва рушди милитсия, давра ба давра беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи муосир ва меъёрҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, такмили ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини моддӣ ва ҳимояи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, такмили минбаъдаи заминаи меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти милитсия ва ғайраҳо мебошад.

Дар ин раванд Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон низ тадбирҳои амалӣ андешида, Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст, ки ҳадафи Шӯрои мазкур қабл аз ҳама мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, дар ҷомеа омода сохтани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳо ва демократикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар доираи он пайваста кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа вохӯриҳо баргузор намуда, дар ҳамкории зич мебошанд.

- Тавре, соли гузашта Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҳушдор дода буданд, вазъияти мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои минтақа возеҳ нишон медиҳад, ки қувваҳои радикалӣ ва террористӣ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, баръакс, мехоҳанд ки фаъолияти тахрибкоронаи худро дар минтақаи мо минбаъд низ густариш диҳанд. Дар ин маврид чӣ назар доред?                 

  - Бояд иқрор шуд, ки мақомоти корҳои дохилии кишвар имрӯз ба як ниҳоди муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, қодир аст, ки аз ҳамагуна амалҳои нопоку душманонаи дилхоҳ гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба амнияту суботи дохилии давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва умуман зиндагии осудаи мардум хатар эҷод мекунад, ҷилавгирӣ намояд.

Милитсияи вилояти Хатлон имрӯз тамоми шароитҳоро барои мубориза бо зуҳурот ва унсурҳои номатлуби ҷомеа доро мебошад. Зеро дар тамоми зиннаҳои мақомот кормандони босалоҳият ва ботаҷриба фаъолият менамоянд. 


- Барои суҳбати самимӣ ба Шумо изҳори сипос менамоем.


Суҳбаторо

Амонҷон МАҲКАМОВ
Добавить комментарий